Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Зимни баҳисобгирии бухгалтерӣ хароҷотҳои ташкилот вобаста аз хусусият, шароити гузаронидинан ва раванди фаъолият ҷудо карда мешаванд:
❖ хароҷотҳои фаъолияти истеҳсолӣ;
❖ дигар хароҷотҳо.
Дигар хароҷотҳо:
❖ хароҷотҳои фаъолиятӣ;
❖ хароҷотҳои ғайрифурӯшӣ;
❖ хароҷотҳои ҳолатҳои фавқулодда.
Тамоми хароҷотҳои ташкилот дар баҳисобгирии бухгалтерӣ ҳисоб карда мешаванд, агар ба шароити зерин ҷавоб дода тавонад:
❖ хароҷоти истеҳсолот мувофиқи шартномаи аниқ, ки қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ, инчунин корҳои гардишҳои соҳибкорӣ талабкунанда мавҷуд бошанд;
❖ ҷамъи хароҷотҳо маълум бошад;
❖ боварӣ бошад, ки фаъолияти бухгалтерӣ ба фоидаи корхона мебошад.
Ҳамаи хароҷотҳо дар ҳисобҷои фоида ва зарари корхона пурра нишон дода мешаванд.
Фоида ва зарар бо роҳи тарҳ кардани ҳамаи хароҷотҳо аз даромади умумии корхона муайян карда мешаванд. Дар баҳисобгирии бухгалтерӣ хароҷотҳоро дар арзиши аслии маҳсулот ҳисоб мекунанд.
Арзиши аслии маҳсулоти фурӯхташуда - хароҷотҳо барои истеъмол ва фурӯш он мебошад.
Арзиши аслии истеҳсолӣ - хароҷотҳо барои истеҳсоли маҳсулоти баровардашуда мебошад.
Дар ин ҷо арзиши аслии пурра ва нопурраи истеҳсолӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳангоми ҳисоб кардани арзиши аслии истеҳсоли пурраи маҳсулот ба хароҷотҳои бевоситаи истеҳсолӣ хароҷотҳои умумиҳоҷагӣ илова карда мешаванд.
Ғайр аз ин, бо мақсади идоракунӣ хароҷотҳо ва истеҳсоли маҳсулот зарур мебошад, ки хароҷотҳо аз рӯи нишонаҳои дигар гурӯҳбандӣ карда шаванд: барои қабули қарор, барои назорат ва батанзимдарорӣ.
Барои идоракуни баҳисобгирии арзиши аслии маҳсулот, хароҷотҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо