Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ояндаи захираҳои пулии корхона ва самаранокии он муайян карда шавад, зарур аст, ки таҳлили тамоми паҳлӯҳо ва шароитҳои гардиши пулии корхона, ҷараёни гардиши сармоя ва гардиши молиявии захираҳо гузаронида шавад (Нигаред ба расми 1).
Расми 1. Системаи идоракунии ҷараёни молиявии фаъолияти хоҷагидории ташкилотҳо.
Субъекти идоракунии зерсистемаи менеҷменти молиявӣ ин дирекцияи
молиявӣ ва шӯъбаҳои он мебошад. Сардори зерсистема мақсадҳои менеҷменти
молиявиро коркард намуда, амалӣ мегардонад. Мақсади асосии менеҷменти
молиявӣ баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии корхона дар доираи
фаъолияташ, бо роҳи ташкил ва самаранок истифодабарии фондҳо мебошад. Аз
рӯи мазмуни худ менеҷменти молиявӣ ба ҷараёни коркарди қарори идоракунӣ оид ба ҳаракати захираҳои молиявӣ ва сармоявӣ, бо мақсади самаранокии истифодабарии онҳо ва афзоиши онҳо равона карда шудааст.
Ҷараёни идоракунӣ новобаста аз мазмуни аниқаш доимо гирифтани ахбори пайдарпай пешниҳод ва коркарди он, инчунин истифодаи ахборро фаро мегирад.
Аз ин ҷо гуфтан мумкин аст, ки менеҷменти молиявӣ ба идоракунии ҳаракати захираҳои молиявӣ ва муносибатҳои молиявӣ, ки дар байни ташкилотҳо ба миён меояд, равона карда шудааст.
Менеҷменти молиявӣ ҷараёни коркарди мақсадҳои идоракунии молиявӣ ва таъсиррасонӣ ба онҳо, бо истифода аз усул ва фишангҳои молиявӣ мебошад.
(Нигаред ба расми 2).
Расми 2. Сохтори механизми молиявӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо