Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Мактаби ҷопонии менеҷмент, ба монандӣ мактаби олмонӣ, функцияи менеҷментро дар шакли сиклӣ, лекин бо як қатор унсурҳои иловагӣ қабул дорад.

Нишонаи асосии фарқияти мактаби менеҷменти ҷопонӣ аз дигарон дар усули методологии он мебошад. Дар мактаби менеҷменти ҷопонӣ асоси самаранокии фаъолияти ташкилотҳо ин вобаста аз ҳайати баландихтисоси фаъол мебошад.

Маҳз барои ҳамин ҳам, мотивация ҳамчун қисми таркибии менеҷмент ба ҳисоб рафта, ҳамоҳангсозӣ натиҷагирии самараноки корро таъмин месозад.

Нисбат ба мактаби ҷопонӣ, мактаби олмонӣ нақши махсуси мақсадгузориро ба роҳ монда, мавҷудияти ҳаҷми зарурии ахбор ва моҳиятнокию асоснокии қарорҳои қабулшударо таъмин менамояд.

Таҳлили муқоисавии се мактаби классикии менеҷмент нишон медиҳад, ки фикру ақидаи ҳар се мактаб қариб ба якдигар наздик мебошад ва фарқияти қоидавӣ надоранд. Танҳо он фарқиятҳои хусусие, ки мо мушоҳида кардем, ба хусусияти соҳибкорӣ - ташкилотҳо ва ҳайати онҳо, хусусияти миллию анъанаҳо ва урфу одатҳо вобастагӣ дорад.

пешина
аз 512
навбатӣ