Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Мақоми калонро дар идоракунии молиявӣ баҳисобгирии беқурбшавӣ дорад. Ҳатто як давраи кӯтоҳ метавонад ба натиҷаи молиявии кори корхона таъсир расонад, бинобар ин дар вақти бастани шартномаҳо, доду гирифтҳо ва муайян кардани мӯҳлати пардохтҳо ин омил албатта бояд қайд карда шавад.
Вазифаи дигари идоракунии молиявӣ, ё худ менеҷменти молиявӣ ин кор карда баромадани роҳҳо ва усулҳои паст кардани дараҷаи таваккали молиявӣ мебошад.
Таваккал - аслан гурӯҳи молиявӣ мебошад. Бинобар ин хуб мешавад, ки агар дараҷа ва таъсири таваккалро бо роҳи механизми молиявӣ ба танзим дарорем. Дар маҷмӯъ стратегия ва усулҳои зиёд пайдо мешаванд, ки онҳоро механизми идоракунии таваккал меноманд.
Таваккали молиявӣ нисбати воситаҳои худӣ ва аз дигарҳо гирифташуда, ҳамчунин эҳтимолияти зарари молиявӣ мебошад, чунки қабули қарори соҳибкорӣ дар шароитҳои гуногун зерин мегузарад:
- дар шароити муайян, вақте ки натиҷаи қабули қарор қариб пурра баҳо дода мешавад;
- дар шароити таваккал, вақте ки натиҷаи қарори соҳибкорӣ бо дараҷаи эҳтимолият баҳо дода мешавад.
- дар шароити пурраи номаълум, вақте ки ягон маълумоти аниқ оиди натиҷаи қабули қарори соҳибкорӣ дида намешавад.
Вобаста аз гурӯҳбандии омилҳое, ки дараҷаи таваккали молиявиро муайян месозанд, онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:
Таваккали системавӣ - асосашро таъсири омилҳо ташкил медиҳанд, ки барои тамоми субъектҳои хоҷагӣ умумӣ мебошанд, яъне:
- паст шудани фаъолияти корчалонӣ дар иқтисоди миллӣ, минтақа ва соҳа;
- беқурбшавӣ, суръати бемайлони нарх ва пастшавни қобилияти харидории пулро ба худ дорад;
- тағйир ёфтани фоизи бонкӣ. Андозҳо ва ставкаҳои гумрукӣ, дохил кардани ҳар гуна квотаҳо ва маҳдудиятҳо ба фаъолиятҳои хоҷагидорӣ.
Таваккали ғайрисистемавӣ - ин ба омилҳое вобаста мебошад, ки пурра аз фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ вобаста мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо