Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Аз ин ду хат маълум мегардад, ки вобаста аз нарх талаботу таклифот тағйир ёфта, бо якдигар мувофиқат намекунанд, яъне (гӯшти гов ба ҳисобҳои тахминӣ гирифта шудаанд). Агар гӯшти гов дар бозор 3 сомонӣ бошад, он гоҳ талабот 50 тоннаро ташкил мекунад. Аммо ҳангоми чунин нарх таклифот фақат 30 тонна мебошаду халос, яъне - 20 тонна талабот қонеъ гардонида намешаванд.
Дар ин ҳолат корхона агар чунин имкони бо нархи 3 сомонӣ ба бозор баровардани гӯштро дошта бошад, он гоҳ боз метавонад, ки 20 тоннаи норасогии бозорро пурра намояд. Аз тарафи дигар муодили оптималӣ, ё худ нархи миёнаи бозор вуҷуд дорад, ки дар хатти буриши талаботу таклифот ҷойгир шуда, дар як давраи муайян харидору фурӯшандаро қаноатманд мекунонад.
Барои пурра муайян кардани стратегия ва тактикаи менеҷменти молиявӣ ва кам кардани таваккал ғайр аз пурра омӯхтани унсурҳои фаъолияти маркетингӣ боз зарур мебошад, ки мо таҳлили нишондиҳандаҳои нозуки фаъолияти молиявию хоҷагидориро дошта бошем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо