Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таъсири омили вақт (В)
Зарурияти захиравии «В»
Норасоии доимӣ «В»
Функсияҳои асосии менеҷерон

Банақшагирӣ

  • ояндабинӣ;
  • мақсад ва стратегия;
  • барномаи фаъолият;
  • мӯҳлати иҷроиш
  • сарчашмаи маблағгузорӣ;
  • сиёсати рафторӣ ва давраҳо.

Ташкилӣ

  • сохтори ташкилот;
  • тақсимоти ҳуқуқҳо;
  • муносибат дар кор;
  • мотиватсия;
  • коммуникатсия;
  • интихоби иҷрокунандагон;
  • тарбияи шахсиятҳо ва ҳайати корхона

Роҳбарии самарабахш

  • тартиботи қабули қарор

Назорат

  • коркарди стандартҳо барои баҳои натиҷа;
  • муайян кардани натиҷаҳо;
  • баҳо додани натиҷаи фаъолият;
  • танзимдарорӣ

Расми 7. Таркиби функцияи мақсаднок ва унсурҳо дар шакли «асоси» функцияҳои менеҷерон.

Банақшагирӣ наметавонад мақсадҳои гузошташударо таъмин намояд, агар то оғози ҷоришавии он корҳои тайёрӣ иҷро нашуда бошанд. Чунин як кори саривақтӣ ва ҳаматарафа дар доираи функцияи «ташкилии» кори коргарон, яъне тайёр намудани ҷараёни истеҳсолӣ ва таъмин намудани он бо идоракунии саривақтӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Тайёрии ҳаматарафаи ширкат барои амалӣ гардонидани фаъолияти «истеҳсолӣ» дар шакли истеҳсоли «мол» ва хизматрасонӣ яъне «ташкилӣ» яке аз вазифаҳои асосии менеҷмент мебошад.

Саршавии ҷараёни истеҳсолӣ ва натиҷагирии он бе роҳбарии ҳаматарафа ва саривақтии оқилона ғайриимкон мебошад. Мавҷуд набудани роҳбарии оҷилӣ боиси сар задани якчанд «камбудиҳо ва норозигиҳо» даркор мешавад.

Зарурият ва муҳимин функцияҳои назоратии менеҷерон дар тамоми давраи инкишофи онҳо амал мекунад ва ин дар концепсияи ҳар се мактаби

пешина
аз 512
навбатӣ