Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

26.1. Мақоми мутахассисони менеҷмент
дар бахши иҷтимоӣ

Менеҷмент дар бахши иҷтимоӣ соҳаи фаъолияти ташкилии идоракуниро дар бар мегирад, ки коркард ва амалигардонии қарори самаранокии фаъолияти ташкилотро ҳамчун система таъмин менамояд.

Аз тарафи дигар асоси назариявии ташкилӣ, маркази асосии ташаккул ва инкишофи менеҷмент дар соҳаи илм ва фаъолияти касбии ташкилӣ ва идоракунӣ мебошад.

Менеҷменти бахши иҷтимоӣ бояд самаранокии фаъолияти корхонаро дар бахши иҷтимоӣ, ки барои таъмин намудани талаботи тамоми гурӯҳи аҳолӣ бо маҳсулотҳо ва хизматҳои иҷтимоӣ равона шудааст, таъмин намояд.

Бинобар ин предмети омӯзиши ин масъала моҳият ва аҳамияти бахши иҷтимоӣ, равандҳои асосии инкишофи соҳаҳои фаъолияти он, усулҳои тартибдиҳӣ ва таъмини аҳолӣ бо хизматҳои маълумоту маориф - тандурустӣ, истироҳат ва ғайра мебошад, ки барои инкишофи иҷтимоӣ зарур аст. Дар баробари ин ташкили дурусти шароити корӣ, интихоби технологияи безарар, ҳимоя, коргарон ва пайдо кардани сарчашмаи молиягузорӣ вазифаҳои муҳими менеҷмент дар бахши иҷтимоӣ мебошад.

Барои самаранок амал намудани ташкилотҳои бахши иҷтимоӣ менеҷмент бояд ҳамон функцияҳоеро иҷро намояд, ки дар соҳаҳои воқеии иқтисодӣ дар вақти ташкили фаъолиятҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявӣ сурат гирад. Умумияти қоидавии сохтори методологӣ дар ҷараёни фаъолияти иҷтимоӣ ҳамчун ҷараёни меҳнат имкон медиҳад, ки схемаи умумии «Алоқамандии одамон бо воситаҳои истеҳсолот ва муҳити зист»-ро қабул намоем, ки одамон бо мақсади натиҷагирӣ истеҳсолиро маҳсулот амалӣ мегардонанд. Алоқамандии одамон бо предмет ва воситаи меҳнат дар асоси ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва хизматҳо муайян карда мешавад, чунон, ки дар мисоли фаъолияти иқтисодӣ-менеҷери бахши иҷтимоӣ дидан мумкин аст (Нигаред ба расми 1).

пешина
аз 512
навбатӣ