Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

он ҷумла ТИМ) дар таҷриба балоиҳагирии ҷараёнҳои меҳнатӣ ва муайян кардани хароҷоти вақти муайян ва миқдори коргаронро барои иҷрои кор дар якуогӣ фаро мегирад.

Дар баробари гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, ташкили меҳнат (дар ягонагии ташкили истеҳсолот ва идоракунӣ) наметавонанд, ки бо назардошти омилҳои дохилаи корхона маҳдуд бошанд, балки онҳо бояд нишонагирӣ ба омилҳои беруна - ҳолати бозори молҳо, меҳнат ва сармоя дошта бошанд.

Ҳангоми чунин тарзи масъалагузории доираи фаъолият, ки мафҳуми «ташкили меҳнат»-ро дорад, хеле васеъ мегардад. Консепсияи нави асри XXI-и «ташкили иҷтимоии меҳнат», омӯзиши системаи сиёсию иқтисодӣ, навию технологӣ ва раванду омилҳои иҷтимоӣ мебошад, ки фаҳмиши навро дар мақоми ташкили меҳнат ба вуҷуд оварда, раванди иншонагирии иҷтимоии тэрви хоҷагидориро дар шароити иқтисоди бозорӣ таъмин месозад.

Мақоми менеҷмент дар ташкили иҷтимоиёти меҳнат, ё худ «ташкили меҳнат» дар ҳамоҳангии «ташкили илмии меҳнат» (ТИМ), дар солҳои охир хеле инкишоф ёфтааст. Қисми таркибии ташкили меҳнатро «одамон» ташкил мекунад. Бинобар ин бартарияти нишонагирии иҷтимоиёти ташкилию идоракунӣ асоси мантиқӣ дорад.

Дар солҳои охир шакли нави роҳбар-соҳибкор, ё худ директори кироя, фаъолият мекунанд, ки онҳо қобилияти баланди роҳбарӣ дошта, на фақат масоили корхона, балки инкишофи стратегии иҷтимоию иқтисодии корхонаро муайян мекунанд. Барои чунин роҳбарон ҳиссаи шахсии худро дар коре, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд, инчунин зиндагардонии иқтисодии ташкилотҳо ва баландбардории дараҷаи зиндагии аҳолӣ гузоштан хос мебошад. Онҳо доимо ҳаракат мекунанд, ки ислоҳот ва дигаргунсозиашонро дар бахши кори худ идома дода, ҳайати боқуввати корӣ ташкил карда, ба мақсад расанд.

Масоили таъмини кадрии менеҷмент ва муносибати он ба соҳаи иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи соҳибкории хурд муҳим мебошад, ки онҳо қариб 50% гурӯҳҳои хоҷагидориро дар тамоми ҷаҳон ташкил мекунанд. Нисбат ба директорони кирояи корхонаҳои калон, соҳибкорони хурд хоҳиши баланди ташкили корхонаи фаъоли замонавиро доранд.

пешина
аз 512
навбатӣ