Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва баланси талабот ва таклифоти захираҳои меҳнатӣ;

ташкил ва нигоҳдории ҷойҳои кории холӣ аз ҳисоби омӯзиш ва навтайёркунии коргарон, инкишофи худфаҳмишӣ, танзими вақти корӣ ва ҷараёни миграсионӣ;

баланси дараҷаи шуғли аҳолӣ ва баландбардории самараноки ва музди меҳнати коргарон.

Дар бахши иҷтимоӣ объекти таъсири шуғл ба коргарон ин худи одамон - истеъмолкунандаи хизматҳо, кор ва маҳсулот ва саломатии физиологии онҳо, имконоти ақлӣ ва эстетикии онҳо, инчунин ахбор оид ба ҷараёнҳои иҷтимоӣ ва меҳнатӣ мебошанд.

Ҳаҷми коргарони бахши фикрӣ (коргарони илм, табибон, устодон, коргарони эҷодӣ) дар системаҳои номбаркардашуда 75-80% буда, дар системаи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ 15-20% меҳнати коргарони соҳаи зеҳнӣ нисбат ба меҳнати истеҳсолоти моддӣ ва соҳаи хизматрасонӣ хеле кам мебошанд. Дар сохтори арзиши аслии соҳаҳои гуногуни иҷтимоию маданӣ, ҳиссаи музди меҳнат аз 50 то 80% ташкил мекунанд. Дар шароити имрӯза дар баробари афзоиши системаи комютерикунонидашудаи ҷараёнҳои истеҳсолӣ ҳиссаи музди меҳнат паст шуда истодааст. Мутахассисони бахши иҷтимоӣ аз 1/3 ҳиссаи коргаронро ташкил медиҳанд, ки ин 2-3 маротиба аз нишондиҳандаи соҳаи истеҳсоли моддӣ зиёд мебошад. Дар солҳои охир дар бахши иҷтимоӣ мақоми махсусро қоидаҳои низоми суғуртавии аҳолӣ гирифта истодааст. Ин система ба ӯҳдаи худ хизматҳои ёрдампулиҳо, дар вақти корношоямӣ ва маъюбию нафақа ва ғайраро гирифтаанд. Инчунин инкишофи қоидаҳои суғуртаи иҷтимоӣ, тиббӣ ва нафақа низ дар ин самт муҳим аст.

26.3. Беҳтар намудани шаклҳои истеҳсолот ва молҳои истеъмолии аҳолӣ

Дар бахши иҷтимоӣ ду шакли фаъолият оид ба таъмини талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти иҷтимоӣ ва хизматҳо вуҷуд доранд: ҳудудӣ ва соҳавӣ.

Шакли ҳудудии фаъолият, ин ташкили сохтори иҷтимоӣ дар дараҷаи ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои хизматрасонии аҳолии маҳаллӣ мебошад.

пешина
аз 512
навбатӣ