Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷустуҷӯ дошта, ки бо мақсади ташкили арзишҳои моддӣ ва маънавии нав равона шудааст, баҳо диҳем.

Натиҷаи эҷодкорӣ дар кадом соҳае, ки набошад навоварӣ мебошад, яъне ҳалли нав, ё иҷрои ғайримуқаррарии кор мебошад.

Моҳияти эҷодкорини иҷтимоию технологӣ пеш аз ҳама дар барпо кардан ва қабули технологияи нави пешқадам вазифаи балоиҳагирӣ ва вуҷуд доштани системаи иҷтимоию меҳнатӣ дар асоси истифодабарии се навоварии алоқаманд дида мешавад:

таркиби технологияи қабул ва амалигардонии қарори навоварӣ;

системаи алоқаи эҷодкории иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;

компютерикунонии идоракунии ҷараёни иҷтимоӣ ва меҳнатӣ.

Алоқамандии ҷараёни функционалӣ ва мақсадноки доираи иҷтимоӣ зарурияти баҳомонии онҳо, чӣ дар корхонаҳо ва чӣ берун аз он, дар асоси қабул ва амалӣ гардонидани хизматҳои иҷтимоӣ ва маҳсулотҳо пайдо мегардад. Дар ин ҳолат сухан дар бораи ташкили комплекси технологияи иҷтимоӣ ва меҳнатие меравад, ки ҷараёни пурраи силсилавии тайёрӣ, истеҳсолоту истеъмолоти иҷтимоӣ ва хизматҳоро дар бар мегирад.

Чунин як усул ба корхонаи дорубарорӣ ва дигар хизматҳои тиббӣ, таҷҳизотҳои барои мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, воситаҳои хизматҳои маишӣ ва ғайра, имконияти коркарди дуруст фароҳам меорад.

Технологияи хизматҳои тиббӣ, маориф ва дигар хизматҳои иҷтимоии аҳолӣ дар шароити истифодаи компютерикунонӣ ва телекоммуникатсия нисбат ба соҳаҳои саноат, оиди тағйир додани мазмун, шакли ташкилӣ ва усули кори мутахассисон, баланд бардоштани самаранокиву сифати хизматҳо на он қадар радикалӣ мебошанд.

Дар баробари аз худ намудани системаи компютерӣ ва технологияи телекоммуникатсионӣ шаклҳои анъанавии хизматҳои иҷтимоӣ бо роҳи бевоситаи муносибати истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда, технологияи нави масофавӣ пайдо мешавад.

Эҷодкории иҷтимоию технологӣ бевосита ба шаклҳои эҷодкории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ алоқаманд мебошанд. Хусусиятҳои фарқкунандаи шакли ташкилии эҷодкории иҷтимоӣ дар кофтукови қарорҳои оптималии

пешина
аз 512
навбатӣ