Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ҳаракати баръакси воситаҳо дар бозори молиявӣ, дар шакли даромадноки маблағгузории соҳаи моддии истеҳсолӣ ва бозори молӣ дида мешаванд. Инчунин дар сармоягузории капиталии воситаҳои пулии корхонаҳо ва аҳолӣ зоҳир мегардад.
Баҳомонии ҷараёни иҷтимоию иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ бо роҳи ташкили системаи алоқамандии инкишофи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, минтақа ва ҷумҳурӣ бояд сурат гирад. Яъне коркарди барномаи минтақавӣ, ё худ ҷумҳуриявии шуғли аҳолӣ дар асоси барномаи иқтисодии инкишофи ҷумҳурӣ бо роҳи муайян кардани дараҷаи беқурбшавӣ ва бекорӣ сурат гирад. Инкишофи дигар инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ низ бояд ба инобат гирифта шаванд.
Дар таҳлили макроиқтисодии ин ҷараён, аслан индекси камбизоатӣ истифода бурда мешавад, ки ҳамчун нисбати ҷамъи фоизи беқурбшавӣ ва бекорӣ. Муқоисаи ин ду нишондиҳанда оид ба муодили оптималии ҳалли масъала гувоҳӣ медиҳад.
Дар охири солҳои 80-уми асри ХХ иқтисоди Тоҷикистон ба бӯҳрони экологию иқтисодӣ гирифтор шуд, ки таъсири манфӣ ба муҳити зист, махсусан ба захираҳои замину об ва ҳаво, ҳатто аз мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ чанд карат зиёд шуд. Дар натиҷа, вайроншавии бемайлони хок, заҳролудшавии обу атмосфера мушоҳида шуд, ки албатта ба саломатии мардуми Тоҷикистон таъсири хеле калон расонида, дар охир ба хеле ҳам пастшавии ҳосилнокии меҳнат ва бӯҳрони иқтисодӣ, бахусус соҳаи кишоварзӣ оварда расонид.
Гузаштан ба инкишофи босубот бояд баланси масоили иҷтимоию иқтисодиро на фақат имрӯз, балки барои насли оянда низ нигоҳ дорад ва масоили зеринро ҳал намоянд:
таъмини оромии ҳолати экологӣ;
экологикунонии иқтисодӣ;
ҷорӣ намудани технологияи сарфакоронаи энергетикӣ ва захиравии тағйироти сохтори истеъмолоти шахсӣ ва ҷамъиятӣ.
Яке аз масоили муҳими фаъолияти иҷтимоӣ ин ҳимояи иҷтимоӣ мебошад.
Сиёсати ҳимояи иҷтимоӣ равияҳои зеринро дар бар мегирад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор