Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Максад ва вазифаҳои асосии сиёсати экологии корхона аз равандҳои зерин иборат мебошанд:

♦ истифодаи бошуури асосҳои этика ва маданияти замонавии экологӣ
дар фаъолияти амалии корхона, таъмини инкишофи босубот;

♦ мақсаднокии экологии фаъолият;

♦ бо хоҳиши худ васеъ кардани ӯҳдадориҳои экологии корхона нисбат ба дигар шахсони манфиатдор, муҳофизати саломатии ҳаёти коргарон, беҳтар кардани шароити корӣ, ташкили мактабҳои омӯзиши экологӣ, ташкили суғуртаи ихтиёрии экологӣ ва ғайра.

♦ ба даст овардани самаранокии иқтисодии фаъолиятҳои муҳофизати
табиӣ;

♦ баланд бардоштани сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ аз ҳисоби
фаъолияти экологӣ;

♦ инкишофи истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза;

♦ таъкид намудани таъсири манфии фаъолияти манфии ба муҳити зист;

♦ баҳои экологии фаъолияти корхона аз тарафи экспертҳои бетараф;

♦ ахбор ва мотивация ва ҷалб намудани тамоми коргарон ба фаъолияти
экологии корхона;

♦ ҳуҷҷатгузории ҳатмии фаъолияти экологии корхонаҳо, ҳисоботи
пурраи фаъолият, ҳамкории бевосита ба ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони
манфиатдор оид ба масоили экологӣ;

♦ мувофиқат ба қонуниятҳои амалкунандаи муҳофизати табиат, меъёрҳо ва ҳуқуқҳои меъёрии истифодаи сарватҳои табиӣ ва ғайра.

Менеҷменти экологӣ дар корхона ин санъати қабули қарори самараноки идоракунӣ оиди фаъолиятҳои муҳофизати табиии корхона мебошад.

Таҷрибаи ҷаҳониён нишон медиҳад, ки дар соҳаи менеҷменти экологӣ фаъолияти мотиватсионии корхона бартариятҳои зеринро дорад.

  1. Фаъолияти экологӣ ба мақсадҳои асосии роҳбарият мувофиқат мекунанд.

  2. Партовҳои корхона кам шуда, хароҷотҳои таъсир ба муҳити зист оҳиста-оҳиста кам мешаванд.

  3. Рақобатнокии корхона дар бозори дохила ва беруна мустаҳкам мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ