Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Зинаи дуюми идоракунӣ - коркарди дуюмбораи партовҳо. Ин имкон медиҳад, ки партовҳо кам шуда фоида ба даст оварда шавад.

Зинаи сеюм - коркарди мавод, азнавгудозии оҳан, шиша, пластика ва дигар намуди мавод, инчунин сӯзонидани партовҳо.

Зинаи чорум - пайдо кардани энергия аз ҳисоби сӯзонидани партовҳо.
Заводҳои партовсӯзонӣ, ғайр аз он, ки партовҳоро кам мекунанд, инчунин аз ҳисоби онҳо энергия ҳосил мекунанд, ки дар соҳаҳо гармидиҳӣ, ё худ бозкоркарди маҳсулот истифода кардан мумкин мебошад.

Зинаи панҷум - гӯронидани партовҳо дар майдонҳои махсус, барои он партовҳое, ки коркард намешаванд, ё сӯзониданашон ғайриимкон мебошанд.
Майдонҳои замонавии партовгӯронӣ ба таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳо таъмин буда, аз майдонҳои партовҷойҳо фарқ мекунанд.

Консепсияи ташкили системаи идоракунии партовҳо ин чорабиниҳои комплексии ташкилию идоракунӣ, ҳуқуқию меъёрӣ, техникию иқтисодӣ, муносибат ба партовҳо буда, бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи техникии коркарди партовҳо ва ташкилу ҷорӣ намудани технологияи кампартов равона карда шудааст. Яке аз равияҳои асосии ин соҳа беҳтар кардани таъминоти ахборӣ ва тайёр кардани мутахассисони бахши ин соҳа мебошад.

Дар баъзе минтақаҳо ва соҳаҳои саноатӣ системаи автоматикунонидашудаи ахбор, доир ба ҳар як намуди партовҳо дида мешавад. Аммо, барои он ки системаи ягонаи идоракунии партовҳо ташкил карда шавад, бояд системаи ягонаи ахборӣ вуҷуд дошта бошад.

Барои ин барномаҳои махсуси давлатии «Партовҳо»-ро ташкил кардан зарур мебошад. Ташкили кадастри давлатӣ оид ба партовҳо бояд аз се қисм иборат бошад:

  1. «Каталог» - гурӯҳбандии партовҳо ва номгӯи онҳо.

  2. «Реестр» - ҳар як намуди партовҳо бояд пурра нишон дода шуда бошанд.

  3. «Базаи нишондиҳандаҳои партовҳо» - системаи пурраи маълумотҳо оид ба партовҳо, зарари онҳо, тарзи истифодабарӣ ва безараргардонии онҳо бояд нишон дода шаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ