Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Бо мақсади муҳофизати замин менеҷменти ташкилотҳои бахши агросаноатӣ чорабиниҳои зеринро мегузаронанд:
нигоҳдории сифати хуби экологии заминҳои ҳосилхез; муайян кардан ва бартараф кардани сабабҳое, ки сифати заминро паст мекунанд; истифодаи ратсионалии замин, бо роҳҳои илмӣ асосноккардашуда ва технологияи пешқадами коркарди замин; ҳимояи заминҳо аз эрозия, шӯрашавӣ ва биёбоншавӣ; нигоҳдории баланси гумусии хок; рекултиватсияи замин.
Яке аз усули идоракунии менеҷменти экологӣ ин мониторинги замин мебошад, яъне ташкили системаи назорат доир ба фонди замин, муайян кардани камбудиҳо бо роҳи назорати оқилона ва тағйир додани равияи фаъолият дар ҳолатҳои алоҳида.
27.5. Равандҳои иқтисодии менеҷменти экологӣ
Ҳалли кадом масоили экологие, ки набошад, хоҳ нохоҳ ба масоили иқтисодӣ вобаста аст. Аз дигар тараф нодуруст истифодабарии сарватҳои табиӣ зарари иқтисодӣ оварда, дар навбати худ норасогии воситаҳои иқтисодӣ барои иҷрои ҳалли масъалаҳои экологӣ халал мерасонад.
Системаи иқтисодии идоракунии экологӣ ин системаи ҳуқуқии танзимкунӣ ва ҳавасмандкунии муҳофизати муҳити атроф мебошад. Унсурҳои асосии он иборат аз инҳо аст:
банақшагирӣ ва молиягузории чорабиниҳои муҳофизати табиат; муайян кардани лимити истифодаи сарватҳои табиӣ, партовҳо ва ҷойгиркунии партовҳо; муайян кардани меъёрҳо барои пардохти таъсири хатарнок ба муҳити атроф; додани имтиёзҳои андозҳо ва дигар ҳавасмандӣ ба корхонаҳое, ки технологияи кампартов ва бепартовро ҷорӣ менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор