Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

соҳибхона барои ташкилӣ, шабнишинӣ, меҳмондории хуб миннатдорӣ баён кардан лозим аст.

Ҳангоми дар сари миз нишастан меҳмони олиқадр аз тарафи дасти рости соҳибхоназан, меҳмонзан аз ҷониби рости соҳибхона бояд нишинад, дигарон аз рӯи сину сол ва вазифа ҷой мегиранд.

Пеш аз он ки шумо ба сафари хизматӣ бароед, доир ба бозори он мамлакат хабар дошта бошед. Дар вақти сафари хориҷӣ хубтар он аст, ки ба корхонае, ки шумо меравед, ҳатман мӯҳлати сафар ва вақти он муайян карда шавад. Зеро ҳолатҳое мешаванд, ки мутахассисон дар рӯзи ид, ё рӯзҳои дамгирӣ сафар мекунанд ва корашон барор намегирад.

Пеш аз сафар ҳатман мавҷудияти ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро, аз шиноснома сар карда, то даъватнома санҷида, ҳатто бояд нусхаи онҳо тайёр карда шаванд, то ин ки ҳангоми гум шудан аз нав барқарор кардан мумкин бошад. Гирифтани якчанд дона муаррифномаи худро низ ҳангоми сафар фаромӯш набояд кард.

16.2. Меҳнати фикрӣ ва роҳҳои дурусти истифодаи он

Дар тамаддуни башарӣ ҳар мафҳум ва нуқта маъно ва мавқеи худро дорад. Истилоҳи меҳнат низ аз ҳамин зумра аст. Воқеан, аз нигоҳи таърих ва иҷтимоъ чунин сурат гирифта, ки меҳнат ба ду қисм: фикрӣ ва ҷисмонӣ тақсим шуда, ҳар ду бахш ҳам аз инсон заҳмати зиёдеро мехоҳанд. Аз ин рӯ инсоният ҳам тӯли мавҷудияти худ барои сабук кардани кор роҳҳо ва тарзи осон намудани меҳнатро ҷустуҷӯ менамояд. Мақсади мо низ дар ин бахш аз ҳамин иборат аст, ки роҳҳои дурусти меҳнат, бахусус меҳнати фикриро, аз нигоҳи хеш дар асоси омӯзиши баъзе сарчашма ва таҷрибаву мушоҳидаҳо зикр намоем.

Илова бар ин барои боз ҳам дурусттар истифода намудани меҳнати фикрӣ чанд пешниҳодеро манзури шумо гардонем.

Нахуст, нишонаҳои ташкили дурусти меҳнати фикрӣ, ки аз инҳо иборатанд:

  1. Ҳар амалиёт қаблан бояд фикр карда шуда бошад. Зеро ки иҷрои он аз дигарон талаб карда мешавад.
пешина
аз 512
навбатӣ