Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Аксари коргарон хеле ҳам хурсанд мешаванд, агар барои кори муайян ҷавобгӯ бошанд ва онро танҳо худашон мустақилона иҷро кунанд.
-
Ҳар коргар дар ҷои кори худ ба он ҳаракат мекунад, то нишон диҳад чӣ қобилияте дораду ба чӣ қодир аст. Вай кӯшиш менамояд, доир ба масъалаҳое, ки масъулашон мебошад, бе иштироки ӯ қарор қабул накунанд.
-
Ҳар фард доир ба беҳтар кардани кори худташкилӣ аз нигоҳи хеш нуктаи назари дурусти онро дорад.
-
Ҳар коргар бояд фаҳмад, ки меҳнати ӯ барои дигарон шарти зарурӣ мебошад.
-
Ҳар фард ҳаракат мекунад, ки ба комёбӣ ноил гардад. Зеро комёбӣ ин амалӣ шудани мақсад дар ҳаёт аст.
-
Комёбие, ки коргарро ҳавасманд намекунад, ба сустшавии кор, пастшавии сифати он оварда мерасонад. Коргари хуб ҳам аз нигоҳи моддӣ ва ҳам маънавӣ барои кори пурмаҳсулу хушсифаташ мукофотонида мешавад.
-
Чизи зарурӣ дар ташкили меҳнати фикрӣ ин тарзи гирифтани ахбор аст. Аз куҷо, чӣ тавр, аз кӣ гирифтани ахбор барои иҷрои супориш нақши калон мебозад. Агар ахбор аз шахси дигар дар сари вақт нарасад, иҷрои он ғайриимкон, ё дар гумон аст.
-
Коргарон ҳаргуна тағйиротеро, ки дар кору ҷои корашон, ки бе иштироки онҳо сурат гирифтааст, ҳеҷ гоҳ қабул намекунанд, хусусан, агар донишу таҷрибаи онҳо ба ҳисоб гирифта нашавад.
-
Ҳар коргар мехоҳад, ки барои таъмини сифати хуби кори ӯ ҳамеша ахбор вуҷуд дошта бошад.
-
Барои ҳар коргар назорати шахси ғайримасъул писанд намеояд. Ҳар кор аз ҷониби коргарон дар он сурат хуб иҷро мешавад, агар дар корхона худназораткунӣ бошад.
-
Аксари коргарон мехоҳанд, ки доир ба ихтисоси худ малакаю дониши касбиашонро баланд бардоранд.
-
Коргарон ба он чиз диққат медиҳанд, ки оё иҷрои кори хуб ва саривақтӣ меъёри кори онҳоро боз аз сари нав зиёд намекунад? Агар чунин кор сурат бигирад, дар ин ҳолат ташаббусу ғайрати коргар коста шуда, фоида аз байн меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё