Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

28.1. Асосҳои илмии менеҷменти навоварӣ

Масоили инкишофи навоварӣ солҳои охир фанни асосии омӯзиши иқтисодшиносон гардидааст. Мураккабии масоили мазкур концепсияҳои гуногун пайдо намуд, ки ин ё он раванди навовариро дар бар мегирад. Дар охир ин концепсия ташаккул ёфта, унвони назарияи ҷараёнҳои навовариро ба худ гирифтааст.

Амалияи онро дар дараҷаҳои гуногун - дар ташкилотҳо ва вазоратҳо, маъмурияти минтақаҳо дар ҳудуди вазифаҳои худ иҷро мекунанд. Онҳоро бо ин ё он дараҷа менеҷерони бахши навоварӣ меноманд, чунки фаъолияти онҳо ба менеҷменти навоварӣ дохил мешаванд.

Менеҷменти навоварӣ ин ташкил ва банақшагирии ҷараёни коркард ва ҷорӣ намудани навигарӣ дар объектҳои дараҷаҳои гуногун, ки барои ба даст овардани мақсадҳои навоварӣ равона карда шудааст.

Мақсадҳои навоварӣ ин қисми таркибии мақсадҳои корхона мебошанд. Онҳо ба талаботҳои навобарии равандҳои дар корхона пайдошаванда мувофиқат мекунанд.

Дар менеҷменти навоварӣ қисмҳои амалия ва назарияро ҷудо мекунанд. Қисми амалияи навоварӣ - дар иҷрои фаъолиятҳои аниқи идоракунӣ дар ин ё он соҳа зоҳир мегардад, мисол дар соҳаи истеҳсолот ё худ маркетинг. Лекин асоси ин гуна фаъолиятҳоро методология ва усулҳое ташкил мекунанд, ки онҳо асоси илмии навовариро ташкил медиҳанд.

Консепсияҳои мавҷуда имкон медиҳанд, ки қисмҳои зерини навовариро ҷудо намоем, ки ба тадқиқот вобаста аст:

  • ташаккули навигарӣ ва кофтукови қарорҳои навоварӣ;
  • ояндабинии технологӣ;
  • қабули навоварӣ ва зиддиятҳо барои ҷорӣ кардани навоварӣ;
  • паҳн шудани навоварӣ;
  • одат кардани одамон ба навоварӣ ва мувофиқкунонии он барои истеъмолот;
  • шаклҳои фаъолиятҳои навоварӣ;
  • бозори навоварӣ;
пешина
аз 512
навбатӣ