Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Стратегияи инкишофи соҳаи навоварӣ, ҳамчун қисми стратегияи умумии иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун стратегияи навоварӣ муайян карда мешаванд.

Зерсистемаи иқтисодию мотивуатсионӣ стратегияи умумии иҷтимоию иқтисодӣ буда, барои амалӣ гардондани манфиатҳои он фишангҳои махсус равона карда шудаанд, аз қабили андозҳо, қарз, нархгузорӣ, танзими музди меҳнат ва ғайра.

Сохтори стратегияи пайдарпай бо ҷудо кардани чор дараҷаи стратегӣ вобаста мебошанд: макроиқтисодӣ, дараҷаи минтақавӣ, дараҷаи соҳа ва микроиқтисодӣ.

Стратегияи макроиқтисодӣ амалӣ гардондани стратегияи навоварӣ дар дараҷаи иқтисоди миллӣ мебошад.

Танзими методологии стратегияи навоварӣ, инчунин амалӣ гардондани равандҳои рушди илмию техникӣ се вазифаи асосиро ҷудо мекунанд:

  1. Таъмини бехатарии навоварӣ.
  2. Кор кардан ва амалӣ гардондани равандҳои бартариятноки рушди илмию техникӣ.
  3. Ташкили шароити хуб барои фаъолгардонии соҳибкорони навоварӣ.

Стратегияи микроиқтисодӣ ин дараҷаи корхонаҳо ва ташкилотҳои алоҳида мебошанд. Стратегияи навоварӣ дар дараҷаи корхона бевосита аз стратегияи макроиқтисодӣ вобаста мебошанд. Муҳити макроиқтисодӣ ба корхонаҳо имконият медиҳанд, ки мувофиқи ин иқтисоди ҷаҳонӣ амал намоянд. Равандҳои навоварии корхона хоҳ нохоҳ ба ин раванд нишонагирӣ доранд.

Стратегияи навоварии минтақаҳо бошанд, бо мақсади алоқаманд намудани фаъолиятҳои корхонаҳо ба мақсадҳои минтақавӣ равона карда шудаанд. Вазифаҳо ва дараҷаи стратегияи навобариро дар расми зерин дида мебароем.

пешина
аз 512
навбатӣ