Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

глобалӣ дар ҷаҳони маҳсулоти илмгунҷоиш, норасогии калони буҷавӣ, маҳдудияти молиягузории буҷавии КИТ ва инчунин пайдоиши усулҳои нави тадқиқоти инкишофи иқтисодӣ мебошад.

Аз рӯи мавқеъҳои умумӣ, се шакли алоқамандии КИТ ва иқтисодиёт муайян карда мешавад:

  1. Илмро ҳамчун яке аз қисмҳои таркибии системаи иқтисодии ҷамъият ҳисобидан муҳим аст. Бинобар ин вуҷуд доштан ва инкишофи онро бояд дар алоқамандӣ бо ҳолати иқтисодӣ дидан зарур аст. Дар ин ҳолат иқтисодиёт дастовардҳои илмро ба худ гирифта ба инкишофи он мусоидат мекунад.

  2. Илм бо кадом андозае аз иқтисодиёт худмухтор аст. Қисми аз ҳаракати олимон барои таъмини талаботи хоҷагии халқ, қисми дигар барои донишҳои нав, ки ба ҳолати имрӯза моҳияти амалӣ надорад, лекин ягон рӯз дар технологияи муайян ҷои худро меёбад.

  3. Илм арзиши худро дорад ва новобаста аз ҳолати иқтисодиёт бояд амал карда, кадом натиҷаи хубе, ки барои муҳити атроф ва рушди башарӣ зарур аст, дастрас намояд ва одамон инро худашон фаҳмида мегиранд.

Дар шароити имрӯза инкишофи илм захираҳои зиёди башарӣ ва моддӣ талаб мекунад. Дониши нав гирифтан, аллакай қаноатмандии қимматнок гашта истодааст. Аз тарафи дигар алоқа байни хароҷотҳои иловагӣ барои баланд бардоштани қудрати илмию техникӣ ва натиҷагирӣ он қадар маълум нест. Албатта хислати он аз рӯи вақт тағйир меёбад. Аммо мисолҳои аниқ овардан хеле мураккаб мебошад, чунки меъёрҳои муайяни баҳои интегралии қудрати илмию техникӣ вуҷуд надорад, инчунин муқоисаи арзишҳои натоиҷи илмӣ, мумкин аст баъди вақте гузаштан он баҳо дода шавад. Чуноне, ки аксари мукофотҳои Нобелӣ барои ихтироотҳои солҳои пеш дода мешаванд.

Қисмати дуюми асри XX нишон дод, ки донишҳои назариявие, ки дар коркарди технологӣ татбиқ шудаанд, омили тавонои инкишоф дар дараҷаи микроиқтисодӣ мебошанд. Фақат навоварии зербиноӣ дар соҳаи микроэлектроника, техники ҳисоббарор, информатика, биотехнология пешравиҳои зиёдеро дар соҳаҳои анъанавии саноат ба даст овард. Якбора дараҷаҳои баланди таъминоти бозор ба вуҷуд омад, ки пеш вуҷуд надоштанд.

пешина
аз 512
навбатӣ