Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
(телевизиони ранга, компютерҳои фардӣ, телефонҳои худмухтор, ва ғайра). Аз худ кардани ин бозорҳо яке аз сарчашмаҳои асосии кулли маҳсулоти дохила, зиёдшавии ҷойи кор ва дигар сарчашмаҳои таъминоти талаботи мардум гаштаанд.
Вобаста аз гуфтаҳои боло ва таҷрибаи даҳсолаи охир бозор баҳои баланди ояндаи иқтисодии навоварии илмию техникиро медиҳад. Ин имкони сармояи иловагиро дар соҳаҳои навоварӣ пайдо месозад. Дар натиҷа аксари ширкатҳо барои истеҳсоли маҳсулоти илмгунҷоишӣ сар карданд. Дар 20-25 соли охир аз соҳаи бизнеси хурд ба иттиҳодияҳои калони байналхалқӣ табдил ёфтанд. Мисол ширкати Microsoft дар ҷаҳон ҷойи аввал буда, 90% компютерҳои ҷаҳонӣ барномаҳои системаи Windows-ро истифода мекунанд. Ҳатто боварӣ кас намеояд, ки 15 сол пеш компютерҳои фардӣ барои аксари аҳолии кураи Замин номаълум буд.
Каме баъд аз Microsoft дар ҷойи 6-ум аз иттиҳодияи бойтарини дунё - корпоратсияи Intel аст, ки барои истеҳсоли микропросессорҳои махсус мутобиқ гардонида шудааст, қарор дорад. Аз рӯи ахбори мутахассисон просессорҳои ин ширкат «Пентиум» дар 80-85% тамоми компютерҳо, ки дар ҷаҳон истеҳсол карда мешаванд, истифода мешавад. Ҳанӯз соли 1995 компанияи Microsoft ва Intel дар ҷойи 14 ва 15-ум меистоданд, аммо дар як муддати кӯтоҳ ҷойи худро мустаҳкам намуда, ба ҷойҳои намоён баромаданд.
Ғайр аз ин боз даҳҳо ширкатҳое ҳастанд, ки дар коркарди системаҳои компютерӣ ҷойҳои намоёнро аз рӯи боигарӣ ишғол намудаанд. Мисол корпоратсияи IBM - ҷойи 11-ум, American Online дар ҷойи 16-ум, ширкати ҷопонии NTT DOCOMO (алоқаи худмухтор) - ҷойи 3-юм, NTT - ҷойи 7-ум ва ғайра.
Дар байни 40 ширкатҳои калони автомобилсозӣ бошад, фақат компанияи ҷопонии Toyota Motors ҷои 15-ум, General Motors, аз рӯи сармоядорӣ дар ҷои 126-ум дар дунё, дар ҷои 2-юм аз рӯи баҳои сифат FT 500 - ширкати мошинаҳои сохтори электронии General Electric, ҷои 35-умро ширкати Sony ишғол мекунанд.
Ҳарчанд ки рӯйхати номбаршуда ҳар сол тағйир меёбад, вобаста аз
ҳолати молиявии ин ташкилотҳо, ҳолати бозорҳои фондӣ ва тағйир ёфтани
нархҳо дар ноқилони энергетикӣ, ҳолат аз дигаргуншавии технологӣ шаҳодат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор