Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар давраи қайдкардашуда пешво дар соҳаи илмгунҷоиш ИМА мебошад. Ҳиссаи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ дар соли 1997 32% истеҳсоли маҳсулоти технологияи баланд, Ҷопон бошад 22%, дар мамлакатҳои Аврупо дар ин давра ҳаҷми истеҳсолот бо сабаби зиёд шудани ин маҳсулот дар Хитой ва Кореяи Ҷанубӣ паст фаромад. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти илмгунҷоиш аз 1,8% соли 1980 то ба 7,2% соли 1997 омада расид, дар Кореяи Ҷанубӣ бошад аз 1% то 3,7%.

Дар истеҳсоли маҳсулоти кайҳоннавардӣ бошад дар тамоми давраи ҳисоботи ИМА бартарият дорад. Дар аввали солҳои 80-ум аз 2/3 ҳиссаи бозори ҷаҳонӣ ба онҳо мансуб мебошад. Солҳои 90-ум бошад то 51% кам шудааст. Дар ин давра мавқеи ташкилотҳои мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ мустаҳкам гардида, тағйироти калон вақте ба вуҷуд омад, ки соли 1997 ҳиссаи Хитой 16%-и маҳсулоти ҷаҳонии ин соҳаро ташкил дод.

Дар соҳаи истеҳсоли компютер ва техникаи идоракунӣ ИМА, дар соли 1997 47,3% талаботи ҷаҳониро таъмин намуд, ҳиссаи Ҷопон бошад 30%-ро ташкил намудааст, дар ҷои 3-юм Бритониёи Кабир, ки 5,7% истеҳсоли ҷаҳониро фаро гирифт.

Инчунин дар соҳаи истеҳсоли воситаҳои алоқа, компанияҳои ҷопонӣ 27,1%, амрикоиҳо 22,8%, Хитой 7,8%, Олмон 6,8% истеҳсолоти ҷаҳониро назорат мекунанд.

Дар соҳаи дорусозӣ ва тиб то соли 1997 ИМА пешво буда, баъд Ҷопон, Олмон, Бритониёи Кабир ва Фаронса мебошанд. Инкишофи технологии нав на фақат дар соҳаи истеҳсолот, балки дар соҳаи хизматрасонӣ низ таъсири худро расонида, аз рӯи маълумотҳои Вазорати Савдои ИМА, ҳиссаи соҳаи хизматрасонӣ дар ИМА аз 49% соли 1959 то ба 64% соли 1997 омада расидааст.

Ҳаҷми хизматҳое, ки дар соҳаи илмгунҷоишӣ сурат мегиранд, низ афзудаанд. Хизматрасонии корчаллонӣ то 38%, хизматрасонии молиявӣ ба 25% ва хизматрасонии алоқа ба 11% расиданд. Мақоми пешвоиро дар соҳаи корчаллонӣ низ ШМА гирифта 34,4% даромади соҳаи хизматрасониро ишғол карда, ҷопонҳо 14,7%, олмониҳо 10%, фаронсавиҳо 9,8% доро мебошанд.

пешина
аз 512
навбатӣ