Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
дар сохтору афзоиши истеҳсолоти ҷамъиятӣ мушоҳида мешавад, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии онҳо маълум аст. Барои баҳо додани таъсири дастовардҳои нави илмӣ ва технологӣ дар истеҳсолот ва баланси савдо дар баробари ҷорӣ кардани технологияи ташаккули панҷум нишондиҳандаҳои омории 68 давлати дунёро, ки экспертҳои фонди миллии илмии ИМА тайёр кардаанд, дида мебароем.
Чунон ки аз нишондиҳандаҳо маълум мегардад, дар давраи ташаккули панҷуми технологӣ (1980-1997), истеҳсоли маҳсулоти технологияи баланд (бо ҳисоби пулӣ) ба ҳисоби миёна 6,2% дар як сол зиёд шуда, бо назардошти беқурбшавии истеҳсолӣ дигар намуди маҳсулотҳо бошад ҳамагӣ 2,7% дар ҳар як сол афзуд. Инчунин ҷараёни афзоиши маҳсулоти технологияи баланд дошта мушоҳида карда мешаванд. Дар охири давраи ҳисоботӣ (1994-1997) то 11% ва аз ин ҳам зиёд афзуда нисбати дигар соҳаҳои саноат 4 карат зиёд мебошад.
Чунин як ҳолат, то соли 2000-ум давом дошт. Афзоише, ки дар боло номбар намудем, дар сохтори чор соҳаи технологияи баланддошта, тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварданд, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати ҷаҳонӣ маҳсулоти онҳо аз 7,1% дар соли 1980 то 11,9% дар соли 1997 боло баромад.
Ба сифати соҳаҳои илмғунҷоиши баланд экспертони ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва инкишофи ОЭСР онҳоро дохил мекунанд:
- Саноати кайҳоннавардӣ.
- Истеҳсоли техникаи идорӣ ва компютерӣ.
- Саноати воситаҳои алоқа.
- Саноати доруворӣ ва тандурустӣ.
Мамлакатҳои тараққикардаи саноатии ИМА, Бритониёи Кабир, Ҷопон қариб 11% то охири солҳои 1990 ва аллакай дар соли 1997 истеҳсоли илмғунҷоиш 15,7% тамоми саноати Ҷопон, 14,7% дар ШМА, 11,7% - дар Бритониёи Кабир ва 8,3 - дар Фаронсаву Олмон пешрафт шуд.
Пешравии калон дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ - Шарқ, махсусан Хитой ва Кореяи Ҷанубӣ ба назар мерасад. Дар давраи ҳисоботи истеҳсолӣ саноати илмғунҷоиш аз ҳадди қариб 7% дар Хитой дар соли 1980 то 14,8% дар соли 1997 расид, Кореяи Ҷанубӣ ба дараҷаи Ҷопонӣ расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор