Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳаракатдиҳандаҳо — омилҳои муайянкунандаи хатти инкишофи корхона мебошанд.

Ҳаракатдиҳандаҳои зерин муайян карда мешаванд: рақобат, истеъмолкунанда, молтаъминкунандагон, технология, ташкилотҳои рақиб, танзими давлатӣ, омилҳои макромуҳит. Вобаста аз хусусияти хоси навоварӣ, боз ҳаракатдиҳандаҳои махсуси зеринро ҷудо мекунанд:
❖ қудрати мутахассисони илмию техникӣ;
❖ ҳолати базаи таҷрибавию озмоишӣ;
❖ ҳолати активҳои ғайримоддӣ;
❖ сохтори маҳсулоти истеҳсолшуда бо назардошти ҳиссаи бозор, давраҳои ҳаёти мол;
❖ мавҷудияти хатари ивазшавии технологӣ ва функционалӣ.

Чунончӣ гуфта гузаштем, асоси ташаккули стратегияи навобариро мақсадҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва вазифаҳои навобарии корхона ташкил мекунад. Ҳар як корхона системаҳои муайяни мақсади худро дорад. Гирифтани фоида яке аз мақсадҳои аввалини корхона аст. Барои ба ин мақсад расидан боз мақсадҳои мушаххас тартиб дода мешавад, ки шакли «дарахти мақсад»-ро дорад. Дар байни мақсадҳои умумии иҷтимоию иқтисодӣ мақсадҳои зеринро ҷудо кардан мумкин мебошад:
❖ афзоиши ҳаҷми истеҳсолот;
❖ афзоиши ҳиссаи бозор;
❖ нигоҳдории мавқеъ дар бозор.

Дар баробари фаъолияти ташкилотҳо ва таъмини мақсадҳои онҳо бояд сохтори микродараҷавии ташкилоти илмию техникӣ амал кунад. Ду вазифаи муҳими стратегии ташкилоти илмию техникиро ҷудо кардан мумкин аст:
❖ тақсимоти беҳтарини захираҳо бо давраҳои КИТ;
❖ муайян кардани қафомонии технологӣ.

Ташкилотҳои илмию техникие, ки стратегияи фаъолияти худро мураттаб карда, хусусияти функционалии худро муайян месозанд, мавҷудияти якчанд омилҳоро нишон медиҳанд. Ташкилотҳои илмию техникӣ се шакли тадқиқоти худро мегузаронанд.

пешина
аз 512
навбатӣ