Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
бунёди татбиқӣ ва коркард. Тадқиқоти бунёдӣ дар байни дигар шаклҳои
тадқиқотҳо хусусияти хоси худро доранд;
имкон медиҳад, ки дар оянда ихтироъкории гурӯҳӣ (оилавӣ) дар соҳаҳо
ва фаъолиятҳои гуногун гузаронида шавад;
имкони ихтироотҳои зербиноӣ ва беҳтар кардани навобариро пайдо
мекунад;
имкон медиҳад, ки доимо навоварӣ дар доираи «созанда» қарор гирад;
талаб мекунад, ки сармоягузорӣ то ба муддати анҷомёбӣ ва амалӣ
гардонидани он расонида шавад;
мавҷуд будани чунин сармоягузорӣ таъминоти бисёрсолаи пешвоиро дар бозор таъмин месозад.
Тадқиқоти татбиқӣ бошад, ин навоварӣ дар соҳаи аниқи фаъолият мебошад.
Давраи коркард бошад, ин бевосита дар истеҳсолот ворид кардани навоварӣ мебошад.
28.5. Бозори моликияти зеҳнӣ
Ба аввали асри XXI моликияти зеҳнӣ мақоми муҳимро дар барпо сохтани боигарии иттиҳодиявӣ бозида, рақобатро ҳавасманд намуд. Ахбор оиди ҳолати активҳои ғайрифаъоли ширкатҳо фактори асосии бозори фондӣ гардид. Як қатор соҳаи саноати пайдо гардиданд, ки пурра аз ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ вобаста мебошанд. Мисол, активи ширкатҳое, ки барномасозӣ мекунанд, асосан аз патент ва ҳуқуқҳои муаллифӣ, инчунин ҳуқуқ ба нишонаҳои молӣ иборат мебошанд.
Ҳимояи патентӣ яке аз мақсадҳои стратегии компанияҳои алоҳида ва давлат гаштааст.
Дар солҳои 90-ум ҳимояи патентӣ дар соҳаи нав, технологияи ахборӣ ва биотехнология, амалияи усулҳои нави корчалонӣ, тиҷорати электронӣ ва ғайра амал мекард. Дар шароити имрӯза масъалаи ҳимояи патентӣ оид ба таъмини барномавӣ амал мекунад. Бо сабаби васеъ паҳн шудани ахбори технологӣ гурӯҳбандии системаи патентии ахбории миллӣ гузашта истодааст, ҳимояи моликияти зеҳнӣ аз ҳудуди миллӣ берун баромада истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор