Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар баробари системи ахбории глобалӣ ва тиҷорати электронӣ моликияти зеҳнӣ моли глобалӣ шуда, литсензиякунонӣ ба яке аз масъалаҳои муомилоти мол табдил ёфтааст.
Системаи муҳофизати моликияти зеҳнӣ ба яке аз маҳдудиятҳои бетарафи муҳими савдои хориҷӣ табдил ёфта, системаи самараноки он кафолати ҷалб кардани корхонаҳои хориҷӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад.
Дохилшавии тиҷорат ба интернет ба пайдоиши масоилҳои нави муҳофизати моликияти зеҳнӣ овардааст. Технологияи ахбори нав вазифаи таъмини ҳуқуқии бехатарии моликият ва сифати ахбории интернетру гузоштааст.
Ҳалли ин масоил аз ҳаракати органҳои ҳукуматӣ дар дараҷаи маҳалҳо, миллатҳо ва дараҷаҳои глобалӣ вобаста аст.
Хусусиятҳои ташаккули бозори моликияти зеҳнӣ сабаби технологияро ба мол табдил додан, ташкили системаи ҳуқуқи моликиятдорӣ ба дастовардҳои илмию техникӣ, инкишофи литсензиякунонӣ ба сифати шакли асосии додани технология, ташаккули системаи байналхалқии ҳимояи моликияти зеҳнӣ, ба мол табдил додани дониш ва инкишофи иқтисоди ахборӣ гаштааст.
Истифодаи технологии дар истеҳсолот татбиқ намудани донишҳо аз рӯи зарурияти истеҳсолот ба роҳ монда мешуд. Баъди инқилоби аввали саноатӣ дар навбати аввал технология дар бозор якҷоя бо дигар молҳо, ё дар ҳайати воситаи истеҳсолот, ё дар таркиби қувваи корӣ пайдо шудааст.
Маҳз инкишофи системаи патентӣ имкон дод, ки технология ба мол табдил ёбад. Бинобар ин асоси пайдошавии бозори технологӣ ин коркарди ҳуқуқи моликият ба дастовардҳои илмию технологӣ мебошад, ки ризогии байни созандаи технологияи нав ва талаботи ҷамъиятиро барои беҳтар кардани инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда тақозо мекунад. Ҳуҷҷати якуми ҳуқуқӣ асоси муносибатҳои молӣ байни иштироккунандагони рушди техникӣ патент мебошад.
Патентҳо ба ивази аз байн рафтани ҷамъияти феодалӣ ба вуҷуд омаданд.
Якумин маротиба патенти ихтироъкорӣ соли 1421 ба идораи шаҳри Флоренсия бо номи Филиппе Брунеллескӣ ба олими намоён, археолог ва ҳайкалтарош барои ихтироъ кардани крани гардишии киштиҳо дода шуд. Патенти дигари қадима

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор