Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳар як унсурҳои назоратиро алоҳида дида мебароем.

  1. Муайян кардани стандарт барои баҳои натиҷавӣ.

Ба сифати чунин стандартҳо меъёрҳои муайяне истифода карда мешаванд, ки асоси базавии назоратро таъмин менамуданд ва онҳоро ченакҳои фаъолият низ меноманд. Ба ин ченакҳо такя карда, фаъолияти кории ҳамаи объектҳо махсусан натиҷагириҳо аниқ карда, баҳо дода мешаванд.

Функсияи назоратии менеҷерон дар он вақт сабук мегардад, агар онҳо диққати асосиро ба дараҷаи фарқияти нишондиҳандаҳои ҳақиқӣ ва меъёри стандартҳое, ки корхона муайян кардааст, равона созанд на ба қисмҳои алоҳидаи корҳо.

Маълум аст, ки стандартҳо барои таъмин намудани иҷроиши нақшаҳо ва расидан ба мақсадҳо муайян карда мешаванд. Бинобар ин як қатор масоилҳои коркарди стандартҳо ба миён меоянд. Пеш аз ҳама барои баҳои фаъолияти шахсони алоҳида ва умуман ҷузъҳои истеҳсолӣ «хуб», ё «бад» баҳо додан на ҳама вақт инъикоси ҳақиқати воқеӣ мебошад.

Бартарияти стандартҳо дар ҳолате хуб дида мешаванд, ки агар ба равияҳои зерин истифода карда шаванд:

  1. Барои аз байн бурдани баҳои субъективӣ дар вақти назорат стандартҳо имкон медиҳанд, ки корро баҳо диҳем, на ба шахсе, ки онро иҷро мекунад.

  2. Меъёрҳо ва стандартҳои пурра имкон медиҳанд, ки мо ҳуқуқи назоратро ба дигар кас вазифадор намоем, махсусан ба худи коргарон, ки дар натиҷа менеҷер вазифаи назоратии худро хеле сабук мегардонад.

Ин ду ҳолати дар боло номбаршуда зарурияти аз нав кор карда баромадани меъёрҳо ва стандартҳоро нишон медиҳанд.

Натиҷагирии системаи назорат, аз он вобаста мебошад, ки мо то чӣ андоза меъёрҳои омили техникиро ба имконотҳои одамон пайваст карда метавонем. Чунин як шакли баҳомоӣ дар вақти истифодаи се усули зерин мувофиқ аст:

  1. Мақсаднок мебуд, агар кор дар асоси нақшаҳои солона ба роҳ монда шавад, чунки нақшаи хуб коркардашуда меъёрҳои асосноккардашуда ва стандартҳои аниқро истифода барад. Дар нақшаҳо муайян карда мешаванд,
пешина
аз 512
навбатӣ