Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳуқуқи муаллифро бошад, созандаи шакли ақоид доро аст, на истифодабарандаи ақида, ё ахбор дар бораи он доро аст. Ин ҳуқуқ ба муаллиф имкон медиҳад, ки моликияти зеҳнии ӯро аз нусхабардорӣ ҳимоя созад.

Мӯҳлати амали ҳуқуқи муҳофизати объекти саноатӣ вобаста аз намуди он то 20 сол муайян шудааст. Мӯҳлати ҳуқуқи муаллиф дар қонуни Россия дар давоми умри муаллиф ва боз 50 сол баъди маргаш муқаррар шудааст.

Додани технология дар асоси тиҷорат дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:
шартномаи патентӣ - қарордоди тиҷоратие, ки соҳиби патент аз ҳуқуқҳои худ ба фоидаи харидор даст мекашад;
шартномаи литсензионӣ - қарордоди тиҷоратӣ, ки моликиятдори активҳои ғайримоддӣ ба тарафи дигар иҷозати ҳуқуқи истифодабарии моликияти зеҳниро медиҳад. Дар дараҷаи муайян пешниҳоди таҷрибаи техникӣ ва махфияти истеҳсолот, маълумотҳои иқтисодӣ, молиявӣ, маъмурӣ ба истифодаи шахсе, ки бартарият дорад. Предмети хариду фурӯш ихтирооти ғайрипатентии мебошад, ки моҳияти тиҷоратӣ дорад.

Муҳандисӣ - пешниҳоди донишҳои технологие, ки барои бадастбарорӣ, ҷобаҷокунӣ ва истифодабарии мошинаю таҷҳизотҳои харидашуда, ё худ ба иҷорагирифташуда мебошад. Инчунин ба ин чорабиниҳои васеи комплексии доир ба тайёр кардани лоиҳаҳои техникию иқтисодӣ, маслиҳатдиҳӣ, назорат, хизматрасониҳои кафолатӣ ва баъди он дохил мешавад.

Шакли асосии ивази илму техникии байналхалқӣ ин савдои литсензионӣ мебошад. Савдои литсензия 3-4 маротиба аз савдои молҳои муқаррарӣ зиёд буда, зиёда аз 90% хариду фурӯши давлатҳои тараққикардаро ташкил мекунанд. Мақоми аввалро ШМА, Ҷопон, Британияи Кабир мегирад.

Савдои литсензиявии махсусгардонии соҳавӣ дорад — ҳаҷми асосии савдо ба соҳаи электротехника, саноати электронӣ ва кимиёвӣ рост меояд. Дар соли 1999 ҳиссаи ҳуқуқи зеҳнии моликият дар содироти умумии ИМА 14,3%, ё 36,5 млрд. долларро, дар воридот бошад 7,6%, ё 13,3 млрд. долларро ташкил дод.

Ба мотивҳои иқтисодӣ тезонидани суръати истеҳсолот, паст кардани хароҷотҳо, имконоти иловагӣ ба захираҳо, васеъшавии бозори фурӯши мол ва ғайра дохил мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ