Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Мотивҳои стратегӣ - литсензиякунонӣ мумкин фоидаро аз он моле зиёд мекунад, ки равияи асосии корхона нест. Гузаронидани технологияи уфуқӣ ба дигар соҳаҳо муваффақияти калон меорад.
Мотивҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ - литсензиякунонӣ имкон медиҳад, ки маҳдудиятҳои тиҷоратиро гузарем, ё маҳдудияти хариди моликияти хориҷиро аз байн бардорем. Ғайр аз ин, вай имконоти ҳимояи моликиятро дар он мамлакатҳое дорад, ки муҳофизати моликияти хориҷӣ паст ба роҳ монда шудааст.
Пардохти литсензияҳо аз як қатор омилҳо вобаста мебошад:
- аз тарзи истифодаи литсензия ва шартҳои қарордод;
- арзишҷое, ки литсензия барои харидор дорад;
- омилҳое, ки бо қонунгузорӣ ва рақобатнокӣ вобаста мебошанд.
Шаклҳои зерини пардохти литсензионӣ мавҷуд аст:
- Пардохти ҳиссавӣ - фоизи муайян ба соҳиби литсензия аз даромади литсензия.
- Пардохти якбора - маблағе, ки дар шартнома нишон дода шудааст.
- Иштирок дар фонда - як ҳиссаи муайян аз фондае, ки аз ҳисоби литсензияи корхона ба даст меорад.
- Иштирок дар моликият - ба ивази литсензия саҳмияи корхонаро мехаранд.
28.6. Саволҳои санҷишӣ
- Мақоми навобариро дар соҳибкорӣ баҳо диҳед.
- Асосҳои технологии панҷ форматсияи техникиро номбар кунед.
- Кадом соҳаи саноат имрӯзҳо аз ҳама бештар илмталаб аст?
- Капитали башӣ ва моликияти зеҳнӣ чист?
- Қоидаҳои асосии кам кардани таваккали молиявӣ кадомҳоянд?
- Ояндабинии илмию техникӣ бо кадом мақсадҳо тартиб дода мешаванд?
- Равандҳои асосии инкишофи навобарии давлатҳои ШМА, Ҷопон, Россия ва Тоҷикистонро номбар кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор