Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Вобаста аз рӯи интихоби бозор чунин ҳолатҳоро бояд ба инобат гирем:
масоили ҷорӣ кардани моли нав дар бозор ва хароҷотҳо;
майлкунӣ ва ояндаи инкишофи соҳибкорӣ;
мавҷуд будани моли рақобаткунанда дар бозор;
таваккале, ки вобаста аз номаълумӣ қабул карда мешаванд;
маҳдудиятҳое, ки вобаста аз хусусиятҳои миллии истеъмолкунанда вуҷуд доранд;
мувофиқати забон ва маданият, наздик будани ҳамкорон доир ба соҳибкорӣ.

Фаъолияти бурунмарзӣ дар се шакли асосӣ гузаронида мешавад: дар вақти фаъолиятҳои воридоту содирот; бо роҳи сохтани корхона аз ҳисоби сармояи хориҷӣ; дар асоси фаъолияти соҳибкории якҷоя.

Фаъолияти воридотию содиротӣ бо ду роҳ амалӣ мегарданд: бевосита ва бавосита.

Фаъолияти бевосита - корхонаҳо фаъолияти воридоту содиротро худашон мустақилона ташкил мекунанд ва бо ёрии агентҳои хориҷии худ содироту воридот мекунанд ва бавоситаи ин ба корхонаҳои хурд, ки фаъолияти соҳибкориро нав сар кардааст, бо мақсади кам кардани таваккал аз хизматҳои миёнарав, ё давлатӣ истифода мекунад.

Фаъолиятҳои пешқадамона ва заиф ҷудо карда мешаванд. Фаъолияти пешқадамона ҳангоми фурӯши мол дар хориҷи кишвар ва умуман бартарияти пешниҳоди молу хизматҳои ватанӣ доштан аст ва заифӣ бошад мақсади ҳалли вазифаҳои ҳаррӯза, барҳам додани дефицити муваққатӣ мебошад.

Технологияи гузаронидани фаъолиятҳои воридоту содирот як қатор силсилаҳои ҷудогонаро дар бар мегирад:
силсилаи сифрӣ - ташкили мақсадҳо ва тайёрӣ барои гузаронидани фаъолиятҳо;
силсилаи якум - пеш аз фаъолият, ки аз қисмҳои ҷудогона иборат мебошад;
содиркунанда тадқиқоти бозор гузаронида, оид ба фурӯши мол пешниҳод мекунад;
воридкунанда тадқиқоти бозор гузаронида, таклифот пешниҳод менамояд;

пешина
аз 512
навбатӣ