Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

содиркунанда таклифро қабул карда, шароитҳоро таҳлил менамояд;

воридкунанда пешниҳодро тасдиқ карда, шароитро (EDSI) таҳлил менамояд;

содиркунанда интихоб мекунад, ё аз фаъолият даст некашад.

Силсилаи дуюм - бастани шартнома аз қадамҳои зерин иборат мебошад:

содиркунанда супоришро қабул намуда, лоиҳаи шартномаро тайёр мекунад;

воридкунанда лоиҳаи шартномаро тайёр мекунад;

содиркунанда ва воридкунанда ризо шуда шартнома мебанданд.

Силсилаи сеюм - таъмини иҷрои шартнома, ки аз қадамҳои зерин иборат мебошад:

содиркунанда аз рӯи зарурият литсензияи воридоти тайёр мекунад;

воридкунанда ба содиркунанда дастури нақлиётӣ медиҳад;

содиркунанда молро тайёр карда бор мекунанд;

содиркунанда, ё воридкунанда борро суғурта мекунанд;

содиркунанда ҳуҷҷатҳои заруриро барои аз қаламрави гумрук гузаштан тайёр мекунад;

бонки воридкунанда пулро ба бонки содиркунанда мегузаронад.

Силсилаи чорум - бор кардан ва кашонидани бор, ки аз қадамҳои зайл иборат аст:

содиркунанда молро барои бор кардан тайёр карда, ба воридкунанда хабар мекунад;

содиркунанда нақлиёти боркашро то нуқтаи зарурӣ таъмин мекунад;

воридкунанда саривақт додани нақлиётро ба нуқтаи зарурӣ таъмин менамояд;

ташкилоти гумрукии мамлакатҳо борро аз назар мегузаронанд ва андозҳои гумрукӣ вақте супорида мешавад, ки агар содиркунанда доир ба марзро гузаштани бор ахбор медиҳад.

Силсилаи панҷум - иҷрои ҳисоббаробаркуниҳо доир ба фаъолиятҳое, ки аз қадамҳои зерин иборат мебошад:

воридкунанда ба содиркунанда хабари гирифтани борро мерасонад;

содиркунанда ба воридкунанда ҳисоби тиҷоратӣ мефиристад;

воридкунанда борро пурра пардохт мекунад.

пешина
аз 512
навбатӣ