Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Маданияти иттиҳодиягӣ — системаи арзишҳои алоҳида ва коллективиест, ки ҳамаи аъзоёни ташкилот қабул ва тарафдорӣ мекунанд. Аз тарафи дигар маданияти иттиҳодиягӣ гуфта, гурӯҳи усулҳо ва қоидаҳои ҳалли масоили мутобиқкунӣ ба муҳити беруна ва баҳамонии дохилии коргаронро меноманд, яъне он қоидаҳое, ки дар гузашта худро нишон додаанд ва имрӯз низ актуали мебошанд.

Аксари компанияҳои байналхалқӣ маданияте ҷорӣ менамоянд, ки алоқаи мустаҳками байни штаб-квартира ва филиалҳои онҳо дар давлатҳои гуногун устувор мешавад. Гузаронидани менеҷерон аз як филиал ба дигар филиалҳо малакаи дониш ва ҷаҳонбинии менеҷерони ташкилотро васеъ намуда, дар системаи арзишҳо таҷрибаи калон пайдо мекунанд. Одамоне, ки дар штаб-квартираҳо кор мекунанд, аксаран ин мактабро гузаштаанд ва монанди менеҷерони филиалҳо кор ва фаъолият мекунанд.

Масоилҳои идоракунии ширкатҳои байналхалқӣ, ки бо воситаҳои маданӣ ҳал карда мешаванд, аслан инҳо мебошанд:

  1. Монеаҳои маданию коммуникатсионӣ дар ҳамкорӣ. Коммуникатсия бо маданияти дигар халқ бо мушкилиҳои ғайричашмдошти маданӣ гирифтор мешаванд:
    зиддият дар ҳолати муқобил будани рафторҳои маданӣ;
    инъикоси нодурусти воқеияти объективӣ;
    фикрронии рӯйбардоршуда;
    эҳсосоти этникӣ.

  2. Фарқият дар усули идоракунии давлатҳои гуногун аст. Мисол дар мамлакатҳои инкишофёфтаи ШМА, Ҷопон, Аврупои Шимолӣ, усули демократии озоди идоракунӣ, дар мамлакатҳои рӯбаинкишоф усули авторитарӣ ва бюрократии идоракунӣ роиҷ аст.

  3. Фарқият дар масъалагузорӣ ва қабули қарор. Равандҳое, ки дар рафторҳо, инъикоси арзишҳо, меъёрҳо ва дигар унсурҳое, ки дар вақти қабул ва иҷрои қарори идоракунӣ дида мешаванд.

  4. Муноқишаҳои шадид бо сабаби фарқият дар мотивуатсияи меҳнат сурат мегиранд. Мотивҳо асосан мавқеи иҷтимоӣ ва ҳолати оилавиро доранд. Бинобар ин дар давлатҳое, ки инкишофи суст доранд, асосан талаботҳои

пешина
аз 512
навбатӣ