Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Воридот - молҳо, ки баъди супоридани боҷи гумрукӣ дар ҳудуди мамлакат дохил шуда дигар бар намегардад.

  2. Воридоти баргашта - молҳои экспортшуда боз ба мамлакат қафо баргардонида мешаванд, бе супоридани андози гумрукӣ.

  3. Транзит - молҳо, ё худ боре, ки аз ҳудуди мамлакати сеюм бе супоридани боҷи гумрукӣ мегузарад.

  4. Анбори гумрукӣ - борҳои дохилшуда дар зери назорати гумрукӣ анбор карда мешавад бе гирифтани андози гумрукӣ, то муайян шудани ҳолатҳо.

  5. Мағозаи бе андози гумрукӣ - молҳо, ки бо назорати гумрукӣ дар фурудгоҳҳо ва дигар бандарҳо бе супоридани боҷи гумрукӣ фурӯхта мешаванд.

  6. Воридот ва барориши муваққатии бор дар ҳолате иҷозат дода мешавад, агар аз андоз пурра озод аст, ё худ имтиёз дорад.

  7. Содирот - молҳо баъди супоридани боҷи гумрукӣ берун аз ҳудуди мамлакат бебозгашт бароварда мешаванд.

  8. Содироти баргашта - молҳое, ки аз мамлакат пештар бароварда шуда буданд, боз бе андози гумрукӣ баргардонида мешаванд.

  9. Даст кашидан аз мол ба манфиати давлат - соҳиби мол аз он бе пардохти маблағи гумрукӣ даст мекашад.

  10. Нобудсозии мол - молҳои хориҷӣ дар зери назорати гумрукӣ, вақте ки мӯҳлаташон гузаштаанд, бе гирифтани андози гумрукӣ нобуд сохта мешаванд.

29.3. Идоракунии захираҳои башарӣ ва ахлоқи соҳибкории байналхалқӣ

Дар менеҷменти байналхалқӣ масъалаи маданияти иттиҳодиявӣ ва идоракунии захираҳои башарӣ мақоми асосӣ дорад. Қарорҳои асосии идоракунӣ бо воситаи кормандон ва маданияти самараноки иттиҳодиявӣ ҳал карда мешаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ