Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

самараноқӣ зоҳир мегардад. Ин маданият ба ташкилотҳое мувофиқ меояд, ки онҳо дар бозори рақобатнок бо технологияи нав амал мекунанд.

  1. Маданияти бюрократӣ дар асоси системаи ҳокимиятдорие, ки тамоми фаъолияти корхона бо воситаи қоида, дастурамал ва тартибот меъёргузорӣ карда шудааст. Чунин маданият ба давлатҳои рӯ ба инкишоф ва инчунин ба ташкилотҳое, ки бозорашон хеле хуб ҳимоя карда мешаванд хос аст.

  2. Маданияти техникӣ барои ташкилотҳои байналхалқӣ мувофиқ буда, дар соҳаҳои анъанавӣ кор мекунанд ва таҷрибаи бои таърихии техникӣ доранд.

Воситаҳои инкишоф ва ташаккули маданияти байналхалқии ширкатҳо ба монанди воситаҳо ва роҳҳои инкишофи соҳибкории байналхалқӣ мебошанд:

❖ системаи универсалӣ, нишонаҳои молӣ;

❖ системаи коммуникатсия;

❖ ивазшавии доимии роҳбарони идоравӣ.

Дар системаи менеҷменти байналхалқӣ панҷ шакли усулҳои «ширкатии» компанияҳои байналхалқӣ оид ба ташаккули сиёсати маданӣ ва кормандӣ дида мешавад:

  1. Усули штаб-квартираҳо ва ҷорӣ кардани он барои филиалҳо.

  2. Мувофиқ шудан ба маданияти он мамлакате, ки корхона сохта шудааст, ё худ бизнес ҷорӣ карда мешавад.

  3. Омехтагӣ дар ҳолате, ки унсурҳои мадании якчанд мамлакатҳо дида мешаванд.

  4. Универсалӣ, яъне истифода бурдани яке аз усули миёна барои аксари маданиятҳои мақбул.

  5. Комбинатсионӣ, яъне омехта намудани ҳамон усулҳое, ки номбар карда шудаанд.

Як қатор омилҳои миқдорие вуҷуд доранд, ки идоракунии башариро дар мамлакати худ ва аз идоракунии башарии байналхалқӣ фарқ мекунонанд:

  1. Омилҳои маданӣ.

  2. Омилҳои иқтисодӣ.

  3. Омилҳои тарзу усули идоракунӣ.

  4. Фарқият дар бозори меҳнат ва хароҷотҳои меҳнатӣ.

  5. Масоили ҷойвазкунии қувваи коргарӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ