Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Омили муносибат ба сифат.

  2. Нишонагирии миллӣ.

  3. Омили назорати идоракунӣ.

Ғайр аз ин, идоракунии башарии байналхалқӣ бо функцияҳои гуногуни худ фарқ мекунанд: дараҷаи баланди иштироки менеҷерон дар фаъолияти ҳаррӯзаи коргарон, усули дифференциалӣ дар тайёр кардани менеҷерон бо назардошти таъсири омилҳои беруна.

Таъсири вақти кори «хонагӣ» ва шӯъбаи байналхалқии идоракунии захираҳои башарӣ (ИЗБ) - ба ҳашт шакли фаъолият ҷудо карда мешаванд:

  1. Банақшагирии коргарон.

  2. Муайян кардани музди меҳнат ва ҳавасмандӣ.

  3. Нишонагирии коргарон ва равияҳо.

  4. Инкишоф ва тайёр кардани ҳайат.

  5. Муносибатҳои меҳнатӣ.

  6. Масъалаҳои бехатарии истеҳсолӣ.

  7. Сиёсати кормандон.

  8. Ташкили имконотҳо барои инкишофи пешравии коргарон.

Зерсистемаи ИЗБ дар системаи идоракунии ширкатҳои байналхалқӣ дар расми 2 нишон дода шудааст:

Зерсистемаи ташкилӣ

Зерсистемаи интихоби ҳайат

Маданияти иттиҳодиягӣ

Зерсистемаи қабули қарор

Зерсистемаи нишонагирии ҳайат

Зерсистемаи коммуникатсия

Зерсистемаи баҳо ва назорат

Зерсистемаи ҳавасмандии ҳайат

Ташкили коллективӣ байналхалқӣ

Расми 2. Сохтори зерсистемаи идоракунии башарӣ дар системаи идоракунии ташкилотҳои байналхалқӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ