Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Мотивация ва музди меҳнат дар ИЗТ моҳияти калон доранд. Асоси ҳавасмандкуниро қоидаҳои зерин ташкил мекунанд:
системавӣ; одаткунӣ; мукаммал; натиҷавӣ; назардошти хусусиятҳои миллӣ.
29.4. Ҷараёни байналхалқии технологӣ, ҳамчун унсури
стратегии иттиҳодияҳо дар шароити глобализатсия
Дар аксари давлатҳои инкишофёфтаи саноатӣ иттиҳодияҳои калон ядрои асосии системаи навоварии миллӣ буда, мақоми асосиро дар ташкил ва молиягузории КИТ мебозад. Ҳиссаи онҳо дар молиягузории КИТ ба ҳисоби миёна 60-70% ташкил карда, қариб 70-80% корҳои тадқиқотӣ ва навовариро ташкил мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ширкатҳои америкоӣ дар ин самт ба ҳисоби миёна дар як сол зиёда аз як миллиард долларро ташкил мекунанд.
Аксари компанияҳои Аврупои Ғарбӣ низ аз онҳо монданӣ надоранд. Мисол, соли 1996 дар қатори 10 ширкати аввал, ширкати олмонии «Сименс», 4,7 млрд.
доллар хароҷот дар соҳаи КИТ карда, ҷойи 3-юм, корпорацияи Хитачии Ҷопон 4,3 млрд. доллар хароҷот намуда, ҷойи 4-умро ишғол намудаанд.
Қайд кардан зарур мебошад, ки аксар мавридҳо хароҷотҳои калони бахши тадқиқоти илмӣ кафолати пешвоии корхона дар бозор шуда наметавонад. То имрӯз ҷавоби аниқ дар бораи дараҷаи маблағгузорӣ дар соҳаи илмию тадқиқотӣ зарур аст, ё худ зиёд аст муайян карда нашудааст. Аммо ин масъала моҳияти калони амалиро доро мебошад. Дар шароити маҳдудияти сармоягузорӣ ва кам будани буҷаи молиявӣ, муносибати ширкатҳои калони саноатӣ ба навоварии илмию техникӣ вобаста аз мақсадҳои коркардашудаи умумиқтисодии менеҷерон дар шароити бозори аниқ ва вобаста аз имконотҳои молиявию технологӣ ташкил карда мешаванд. Чунин як стратегия аз давраҳои зерин иборат мебошанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор