Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
пеш меорад. Мисол, паст шудани статуси иҷтимоӣ, кам шудани даромадҳо ва имтиёзҳо, инчунин дигар шароитҳо мебошанд.
- Кормандони мамолики сеюм, яъне кормандони меҳнатӣ буда, қобилияти баланди азхудкунии техникӣ ва дигар илмҳоро доранд.
Барои фаъолият кардан дар бозори хориҷӣ мақоми асосиро дар ИЭМ интихоби менеҷер мебозад. Интихоби менеҷерони ташкилотҳои байналхалқӣ аз рӯи 7-меъёр сурат мегирад:
-
Кордонии техникӣ ва идоракунӣ.
-
Мотивҳо ва ҳаракатҳо.
-
Кордонии иҷтимоӣ.
-
Кордонии дипломатӣ.
-
Пухтарасидагӣ ва устувории менеҷер.
-
Омилҳои оилавӣ.
-
Дигар омилҳо.
Инчунин ҳафт омили иловагии интихоби менеҷерон истифода карда мешавад:
-
Одаткунӣ.
-
Қабули маданияти дигар мамлакат.
-
Арзанда будан ба соҳаи идоракунӣ.
-
Саломатии хуб доштани роҳбар.
-
Устуворӣ дар мушкилӣ, қобилияти кор карда тавонистан дар шароити фавқулодда.
-
Донистан ва аз худ кардани забон.
-
Таҷрибаи корӣ дар хориҷа.
Масоили мувофиқакунонии коргарон ба шароити маҳаллӣ бо роҳи омӯзиши таълим ба коргарон сурат мегирад. Асосан омӯзиш мавзуъҳои зеринро бояд дар бар гирад:
❖ омӯзиши маданияти миллати иштироккунанда;
❖ рафторҳои махсуси қобили қабули халқҳои гуногун, махсусан миллатҳои Шарқ.
❖ назардошти омили паст накардани ҳуқуқу арзишҳои дигар миллатҳо.
❖ омӯзиши хусусияти хоси усули дарсгӯии миллӣ.
❖ муносибати кормандони маҳаллӣ ба омӯзиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор