Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

инчунин аз муҳити зист тамоми унсурҳои зарароварро ба худ гирифта, муҳитрро тоза мекунад.

Дар чорводорӣ бошад, ҳар гуна иловаҳои витаминию сафеда, ки дар саноати микробиологӣ истеҳсол карда мешаванд, инчунин ваксинҳо, ки ҳайвонотро аз ҳар гуна касалиҳои сирояткунанда нигоҳ дошта, чорворо ба муҳит мувофиқ мекунонанд ба амалия татбиқ мешаванд.

Омӯзиши ихтирооти хӯроки сунъӣ дар оянда, яке аз раванди муҳими соҳибкорӣ мегардад. Тезонидани суръати вазнгирии чорво ва кам кардани муриши чорво, пайдоиши хӯроки сунъӣ имкон медиҳад, ки талаботи аҳолиро дар ҳолати афзоиши бемайлони ҷаҳонии он таъмин намоем.

Рушди бузурги истифодаи биотехнология дар соҳаи тандурустӣ низ дар назар мебошад, пеш аз ҳама усулҳои биоинжинерӣ, истифодаи нуриҳои рентгенӣ дар табобати беморон, ихтирои доруҳои зудтаъсир ва монанди ин дар назар дошта шудаанд.

Масоили асосии тандурустӣ дар 10-20 соли оянда, биоинжинерияи узвҳои одам бо мақсади иваз кардани онҳо ва табобати беморон мебошад.

Мутахассисони аксари мамлакатҳо дар чунин ақида мебошанд, ки дар 15- 25 соли оянда дар аксари соҳаҳои саноатии масолеҳталаб, имкони тағйироти сифатии истифодаи масолеҳи наве, ки имрӯзҳо дар лабораторияҳо кор карда истодаанд, пайдо мегарданд. Масъала, пеш аз ҳама доир ба имконоти истеҳсолоти бепартов ва коркарди масолеҳи истифодашуда меравад. Дар назар аст, ки 30-40%-и тайёраҳо аз материалҳои сабуки химиявӣ сохта мешавад, ки хароҷоти сӯзишворӣ то 36% дар тайёраҳо ва то 50% дар автомобилҳо кам мешаванд. Баҳои иқтисодии сарфаи энергия дар вақти истифодаи керамика дар найҳо ва муҳаррикҳои дизелӣ аз 37 то 60% мебошанд. Инчунин дар назар аст, ки қисмҳои зиёди автомобилҳо ва воситаҳои нақлиёти баҳрӣ аз маводи пластикӣ сохта мешаванд, ки барои истифодаи дуюмбора мувофиқ аст. То соли 2010 50%-и маводҳоро нахи карбонӣ мегирад, ки барои соҳаи тайёрасозӣ ва автомобилсозӣ хеле ҳам қобили қабул мебошад.

Технологияи нави коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо маводи нави гуногунҷинс, ки мӯҳлати нигоҳдории хеле зиёд дошта, ба муҳити зист ва саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонанд, хеле кам мешаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ