Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Инчунин сифати истеъмолкунандагони маводи синтетикӣ тағйир меёбад. Ҳамчунин дар назар аст, ки то соли 2015 либосҳое пайдо мешаванд, ки ба тағйирёбии ҳаво хоссанд мебошанд.

Маркази асосиро дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ концепсияи огоҳкунандаи таъсири манфии дигаршавии муҳити зист мебозад. Моҳияти муҳимро инкишофи соҳаи энергетика мегирад. Дар даҳсолаҳои оянда асосан се раванди инкишофи ин соҳа дар назар аст:

  1. Афзоиши истифодаи иқтидори энергетикӣ баробари афзоиши иқтисодӣ ва афзоиши шумораи аҳолии мамлакатҳо.

  2. Афзоиши мушкилоти муҳити зист бо сабаби афзоиши ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркард ва истифодаи он.

  3. Харобшавии конҳои захираҳои табиии анъанавӣ.

Дар се даҳсолаи ояндаи асри XXI омӯзиш ва азхудкунии муҳити кайҳонӣ, чӣ дар мавқеи миллӣ ва чӣ дар байналхалқӣ мақоми муҳимро мебозад. Қисмати зиёди тадқиқотҳои кайҳонӣ барои омӯзиши низоми офтобӣ, омӯзиши реаксияи физиологии бадани одам дар шароити кайҳонӣ равона карда мешавад.

29.6. Саволҳои санҷишӣ

  1. Қоидаҳои асосии тиҷорати байналхалқиро номбар кунед?

  2. Кадом иттиҳодияҳои байналхалқиро медонед?

  3. Омилҳои асосии монеаи инкишофи менеҷменти байналхалқӣ кадомҳоянд?

  4. Фаъолиятҳои бурунмарзии Тоҷикистонро номбар намоед.

  5. Қоидаҳои асосии ташкили корхонаҳои муштарак кадомҳоянд?

  6. Вазифа ва мақоми хизматҳои гумрукиро номбар кунед.

  7. Омилҳои хоси идоракунии башарии байналхалқӣ кадомҳоянд?

пешина
аз 512
навбатӣ