Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

зиёда аз 75% менеҷерони амрикоӣ чунин хулоса бароварданд, ки «сӯхторхомушкунонӣ» хуб тез боло мераванд. Мазмуни ин мафҳум дар он аст, ки менеҷерон, коллектив, бояд пешакӣ аз масоил огоҳ шуда, онро ҳал намоянд. Мисол, пешакӣ муайян кардани омилҳое, ки ба муайян кардани нуқсони маҳсулот меорад. Вобаста аз ин ҳолатҳое мешавад, ки омӯзиши омилҳои маркетингӣ низ бояд аз назари менеҷер дур набошад. Аммо чунонки худи амрикоиҳо қоил шудаанд, онҳо ҳеҷ наметавонанд аз дӯстдорони автомобили ҷопонӣ дар Амрико халос шаванд. Мисол як ширкати ҷопонии Honda Accord аз рӯи ҳаҷми фурӯши автомобил дар ШМА пешдастии баланд нишон дода, тамоми дигар компанияҳоро гузашт. Дар асри XXI истеъмолкунандагон аз маҳсулот беҳтар ва нодир буданро бо хизматрасонии баланд талаб мекунанд.

«Алоқамандии бевосита ба харидорони худ» ин шиори ояндаи ташкилотҳо мебошад. Аллакай дар асри XXI ташкилотҳо барои рағбати харидор мубориза мебаранд, на барои таъмини талаботи он. Рағбат ин талаби харидорон аст, ки хизматҳои аъло ва маҳсулоти имконпазирро талаб дорад.

Харидорон акнун дар баробари инқилоби технологияи иттилоотӣ хеле инкишоф ёфтаанд. Барои харидорон сохтори идоракунӣ, банақшагирии стратегӣ, ояндаи молиявӣ фарқ надорад. Онҳо хоҳиши имконияти доштани маҳсулоти корхонаро доранд, ки сифатҳои қаноаткунандаи хоҳиши онҳоро таъмин карда тавонанд.

Глобализатсияи самаранок. Аксари иттиҳодияҳои байналхалқӣ аллакай корхонаҳои тобеъ, қароргоҳҳои худро дар якчанд мамлакатҳои дунё дошта, маҳсулоти худро қариб дар тамоми курраи замин савдо мекунад. Чунин як раванд барои соҳибкории ИМА, давлатҳои Осиё ва Аврупо хос мебошанд.

Зиёда аз панҷ сол пеш компанияҳои амрикоӣ ва аврупоӣ барои ташкили бизнеси худ дар Хитой ва Ҳиндустон мубориза мебурданд. Онҳо маблағгузории зиёде намуданд, то ки пешвоиро дар бозори ин давлат ба даст оранд. Аммо оҳиста-оҳиста бозори онҳо аз тарафи компанияҳои маҳаллӣ танг карда шуд. Маълум гардид, ки барои харидорони ин мамлакат сифат он қадар мақом надошта, нарх мақоми асосӣ мебозад.

Яке аз менеҷерони иттиҳодияи машҳури амрикоӣ, ки дар 90 давлати дунё амал мекунад, чунин қайд мекунад, ки «Харидорони глобалӣ вуҷуд

пешина
аз 512
навбатӣ