Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

надоранд. Ҳар як харидор ва мамлакат муносибат ва рафтори худро дорад, ҳар як кас хоҳишу дархости худро дошта, одат ва муносибати хоси худро нисбати хароҷоти пул дорад».

Барои он ки менеҷерон дар мамлакати дигар, дар шароити номаълум мавқеи худро ёбанд, бояд онҳо чунин корҳоро иҷро намоянд:

  1. Маданияти маҳал, бозори маҳал ва шароити рақобати маҳалро омӯзанд.

  2. Модели бурдани бизнесро тайёр намоянд, ки он талаботи бозори маҳалро таъмин карда тавонад.

  3. Интихоб намудани шарикони стратегии маҳаллӣ, ки бозорро хуб медонанд.

  4. Хизматчиёнро ҳавасманд намуда, арзишҳои маҳаллиро қадр кунанд.

  5. Пешниҳоди маҳсулоти навоварии бо назардошти хусусиятҳои маҳалро дастрас кунанд.

Ҳамин тариқ, маълум гардид, ки барои тайёр будан ба глобализатсияи оянда, усули нав аз пешвоии фарқкунанда зарур мебошад:

❖ навовар;

❖ мароқангез;

❖ шӯҳратёр.

Пешвоёне заруранд, ки орзу ва ақидаҳои нодир доранд ва ин асоси бартарияти рақобатнокии онҳо мегардад. Пешвоии одӣ ва анъанавӣ дар асри XXI зинда монда наметавонад. Барои он ки рақобатнок шуда тавонем мо бояд дорои эҳсосот ва тасаввуроти баланд бошем. Аксари тадқиқотчиён дар он ақидаанд, ки пешвоён барои дигар кардани усулҳои навоварии худ маҷбур мешаванд, то ки дараҷаи эҷодкориро зиёд намояд.

Иттиҳодияҳои ҷаҳонии асри XXI бошад доимо коллективи инкишофёбанда, қобилиятнок, ҳассос ва одамони ҳаматарафаро ба кор мегиранд.
Пешвоёни ин коллективҳо амалан ташаккули коллективи нобиғавиро сар мекунанд.

Қобилияти ба пеш нигоҳ карда, як назар низ ба қафо кардан барои
омӯзиш ва пешвоӣ хеле ҳам зарур мебошад. Дар ҳақиқат, аксари тадқиқотчиён
тасдиқ мекунанд, ки ба гузаштаи худ нигоҳ карда тавонистан, барои бо чашми

пешина
аз 512
навбатӣ