Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Талабот ба маълумот.
- Талабот ба хона.
- Талабот ба муносибатҳои иҷтимоӣ.
- Талабот ба муомила.
- Талабот ба маънавиёт.
- Талабот ба ҳаракат.
- Талабот ба либос ва дигар хизматҳо.
- Талабот ба бехатарӣ.
Барои таъмини қаноатмандонаи ин талаботҳо ҳунарварӣ ва ихтисос пайдо мешавад.
Ҳунарвар — қабули он, ки шахс дар соҳаи ҷудогона, ё фаъолияте шахсияти марказӣ буда, дар соҳибкории асри XXI пешво мегардад. Ҳунарварӣ, ё худ ҳунармандӣ ин ҷараён мебошад, бинобар ин доимо ҳолатҳое пайдо мешавад, ки тарзу усули беҳтарро талаб мекунад. Бинобар ин ҳунарвар бояд, ки имкон ёбад, ки доимо омӯзад ва инкишоф ёбад. Менеҷерони оянда бояд ҳунарвар ва донишманди ихтисоси худ бошанд. Онҳо бояд, ки қобилияти вариантҳои гуногуни иҷрои корро истифода карда тавонанд, то фаҳмад, ки кадоме аз онҳо кор мекунад, кадомаш не. Донад, ки ба кӣ муроҷиат намояд, кӣ ӯро метавонад аз бӯҳрон барорад ва ба чӣ бояд асоснок кунад.
Менеҷер пешвоён доимо ташаккули ихтисоси худро тағйир дода меистанд.
Ин имкон медиҳад, ки менеҷер дар ихтисоси худ равандҳои гуногунро аз худ намояд. Чунончи информатика, маркетинг, фурӯш, молия, идоракунӣ ва монандӣ ин.
Зарурияти чунин рафтори менеҷерон дар он мебошад, ки дар асри XXI
дар ҳар як дараҷаи ҷамъиятӣ: молиявӣ, технологӣ, сиёсӣ, маданӣ, дараҷаи
маълумот хеле ҳам мураккаб мегардад. Ба одамон имкони васеи интихоб пайдо
мегардад. Дохилшавии одамон ба илм, технология, коммуникатсия ва маълумот
имкон медиҳад, ки одамон ҷаҳонро ҳамчун панҷ панҷаи дасти худ бидонанд. Ба
одамон зарур мешавад, ки харитаи зеҳнӣ, сохтори концептуалӣ, шаклҳои
фарқият ва омилҳои таърихии онро муайян намоянд. Дар баробари ин маҳорату
малакае, ки ба даст оварда шудааст, имкон медиҳад, ки боигарии ин ҷаҳонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор