Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Менеҷери аксари ширкатҳо ба дигар ширкатҳо ҳамчун рақиб нигоҳ мекунанд ва онҳо низ дар навбати худ чунин нигоҳро доранд. Лекин дар шароити имрӯза ширкатҳо ба сайёдони мо монанд буда, бозор ҳамчун паланг мебошад. Ҳамаи ширкатҳо гирифтани фоидаи баландро мехоҳанд.
Бозор ин қувваҳоро ба танзим медарорад. Барои тамоми ташкилотҳо хоҳ калон, ё хурд бошад рақибон аслан на ширкати дигар, балки бозор мебошад.
Бинобар ташкилотҳо ҳаракат мекунанд, ки қисме аз функцияи худро ба сохтори беруна ба бозор равона созанд, ё худ аз бозор танг карда баровардани рақибон.
Аммо акнун вақте расидааст, ки ин фалсафа дигар карда шавад.
Аксари маврид мо асири ақидаҳои назариётчиёни гузашта мегардем.
Менеҷероне, ки ҳар рӯз бо ҳаёти воқеӣ рӯбарӯ мешаванд, ба назарияи гузашта дигар бовар намекунанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аксари менеҷерон хоҳ нохоҳ асири он ақидаҳо мегарданд.
Таҷрибаи замонавӣ зиёдтар ба назарияе такя мекунад, ки дар солҳои 20-уми асри XX ба вуҷуд омадаанд. Назарияи рафтори иттиҳодиявӣ, ки вуҷуд дошт, боварии ҷамъиятро аз ташкилотҳо дур сохт. Онҳо маҷбур буданд, ки ба ҷанбаи назариёт ва фалсафаи менеҷмент бештар назар кунанд, яъне ин муносибати ташкилоту ҷамъият ва байни ташкилотҳою коргарони кироя мебошад. Ин ақидаро Майк Портер идома дода, ба чунин хулоса меояд, ки «вазифаи марказии менеҷмент ин аст, ки ҳокимиятдории худро нисбати молтаъминкунандагон, мизоҷон ба низом дароварда, бо мақсади ҳимояи бартарияти стратегии худ ва гирифтани фоидаи калон аз ӯ рақибони худро ба соҳибкориаш наздик насозад».
Мазмуни ин назария хеле содда мебошад: ширкат инкишоф меёбад, то вақте, ки арзиши баландро дар мол ва хизматҳо нигоҳ дошта тавонад.
Садсолаи гузашта беҳтаршавии пурмайлони сифати ҳаёти одамонро нишон дод, ки асосан аз ҳисоби қобилияти ташкилотҳое, ки ҳосилнокии меҳнатро баланд бардошта мол ва хизматҳои нав сохтанд.
Ташкилотҳо доимо маҳсулот ва хизматҳои навоварӣ сохта, барои ҷамъият
арзишҳои навро пайдо мекунанд, инчунин роҳҳои хуби истеҳсолот ва таклифоти
молҳои мавҷударо кофта меёбанд. Бозор бе ғамхорӣ ин ташкилотҳоро маҷбур
месозад, ки қисми зиёди арзишҳои худро диҳанд. Дар доираи ин муносибатҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор