Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
30.4. Ҷараёни босуръати менеҷменти замони нав
Дар даврони соҳибистиқлолӣ инкишофи босуръат омили асосии менеҷмент мегардад. Омили асосии сохтани арзишҳо дар ширкатҳои калон маҳз ҳамин қувва буда, натиҷаи чунин як ҷараён ба кофтукови бозори нави ҷаҳонӣ сабаб мегарданд. Тезонидани суръати ҷараёни ин имкониятҳо низ хусусияти хоси худро доранд. Чунки хоҳ нохоҳ силсилаи ҳаётии молҳо хеле кӯтоҳ шуда, боздиҳи тези маблағгузории сармоявиро талаб мекунад. Масоили асосӣ ин кофтукови имконотҳои нав ва ҳалли тези онҳо бо мақсади гирифтани фоидаи максималӣ дар муддати хеле кӯтоҳ, яъне то даврае, ки ташкилот ягона истеъмолкунандаи маҳсулот дар ҷаҳон мебошад. Вақте ки рақобат дараҷаи олии худро мегирад, замоне мешавад, ки бояд пештару хубтар аз дигарон ба пеш ҳаракат намоед. Маҳз дар ҳамин ҳолат, алоқамандии калони байни инкишоф ва дараҷаи тайёрии захираи асосии корхона - донишҳои башарӣ зарур мебошанд.
Танҳо дар ҳамин ҳолат маълум мегардад, ки то чӣ андоза инкишофи дониши зеҳнии коргарон нисбат ба дигар захираҳо шарти зарурӣ будааст.
Диққати асосӣ ба омӯзиши имконоти нави бизнес, тағйироти куллӣ
хизматрасонии истеъмолкунандаи охирин ва миёнаравҳо дода мешавад. Дар ин
ҷо мақоми муҳимро равона сохтани захираҳои стратегии ташкилот ва коргарон
барои кофтукови чунин имконот доро мебошад. Равона сохтани қувваҳо барои
васеъшавии босуръати корхона, бояд чунон тез сурат гирад, ки дар як муддати
кӯтоҳ монополияи глобалиро соҳиб гардад. Барои мақсади стратегиро соҳиб
гардад, ташкилотҳо маҷбур мешаванд, ҳайати коргаронеро ташкил намоянд, ки
қобилияти баланди иҷрои ин вазифаро дошта бошанд. Ҳамин тариқ, зарурияти
захираҳои стратегии башарӣ ҳамчун омили асосии мавқеи нав дар бизнес
мегардад. Аз ин ҷо ҳамон ҷараёнҳои менеҷмент мегарданд, бениҳоят зарур ки
дар маркази диққати одамон истодаанд ва таъсири калон ба рафтори онҳо
мерасонанд. Бо кадом роҳҳо ба имконоти нав ноил гардидан дар истифодаи
қобилияти башарӣ ин вазифаҳои нави менеҷмент мегарданд. Иҷрои ин вазифа
имкон медиҳад, ки тез тағйиротҳо омӯхта аз худ карда шаванд ва баровардани
хулосаи муҳим оид ба инкишофи ояндаи ин кор зарурат дорад, ё не. Дар
шароити нав афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ҷорӣ кардани навоварӣ маънои аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор