Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Чунин арзишҳо, яъне 10 боварӣ бояд намунаи кори аввалини худи роҳбар, баъдан тамоми зинаҳои идоракунӣ ва муомила дар корхона бошад.
-
«Дар кору гуфтори худ устувор будан». Ин қоидаи худнигоҳдорӣ, қобилияти нигоҳдории обрӯй ва эҳтироми ташкилот муҳим аст. Дар кадом ҳолате набошад, дар ақидаи худ устувор будан, чӣ барои корхона ва чӣ барои шахсиятҳои алоҳида қоидаи асосии намунавӣ бошад. Аммо ин мазмуни онро надорад, ки корхона, ё роҳбар дар ҳолати қарахтӣ вуҷуд дошта бошад. Баръакс, вақте ки ақидаҳои нав роҳу усули нав, истеҳсоли маҳсулоти навро пеша мекунед, бояд пурра барои ба охир расонидани он устуворона истодагарӣ намоед. Вагарна дар кадом зинае, ки набошад қувваҳои беруна ва дохила шуморо аз роҳ мебарорад ва шумою ташкилот обрӯю устувории худро гум мекунед.
-
«Шакли содда ва ҳайати оптималии идоракунӣ». Ин махсусан барои ташкилотҳое, ки хеле калон мебошанд, мушкил аст, чунки ҳайати зиёди роҳбарият зарур мебошад. Аммо моҳияти ин қоида дар он аст, ки идоракунӣ содда ва дастраси ҳама бошад. Барои ноил гаштан ба чунин қоида ҳамон шакли идоракуниро ташкил кардан лозим аст, ки функцияҳо ва шӯъбаҳо якдигарро дубора такрор накарда системаи бюрократие, ки садди роҳи пешравӣ мебошад, истисно шавад.
-
«Озодии фаъолиятҳо ва қатъият». Мазмуни ин қоида мувофиқати озодии ғайрирасмии идоракунӣ бо тартиботу интизоми қатъии тамоми коргарон аст. Риояи ин талабот, албатта назорати қатъиро талаб мекунад, ки бевосита аз тарафи ҳар як коргар гузаронида мешавад. Иҷрои ин қоида дар корхонаҳое мувофиқи қабул мебошанд, ки дараҷаи баланди тақсимоти меҳнати коргарон дида мешавад ва коргарон дараҷаи дониши баланд дошта, аксари корҳо дар асоси барномаҳои ахбории компютерӣ ба роҳ монда шудааст. Дар мавзӯъҳои пешин мо оиди қоидаи дигари намунавии ҷопонӣ «аниқу саривақт» гуфта гузаштем, ки ин қоида низ дар корхонаҳои на он қадар калони пурра компютерикунонишуда ва коргарони донишҳои баланддошта, инчунин арзишҳои баланди маданнию этикӣ дошта хос мебошанд.
Самаранокии менеҷментро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муайян мекунанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор