Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

рӯзномаи маҷлис ва тартиби бурдани онро муайян кардан;

ҳамаро ба рӯйхати шахсоне, ки дар ҷамъомад иштирок доранд, шинос кардан, ба мақсад мувофиқ аст.

Агар шумо менеҷер, раиси маҷлис бошед, фаромӯш накунед, ки дар маҷлис имкони пайдо шудани саволҳои гуногун мавҷуд аст.

Механизми дигари гузаронидани маҷлис мазмуни он ва тарзи ташкил кардани баҳсу мунозира мебошад. Беҳтар он аст, ки на менеҷер, балки шахси дигар садри маҷлис шавад ва бояд ба он диққат диҳад, ки аз аҳли маҷлис яке сухан бисёр нагӯяд, ё дигаре аз мавзӯи маҷлис берун набарояд.

Агар дар маҷлис роҳбар - менеҷер раис бошад, ӯ бояд дар аввал (3-5 дақиқа) бо сарсухан баромад кунад ва дар он чунин масъалаҳоро қайд намояд:

  1. Мақсади ҷамъомад ва рӯзномаи он.

  2. Тартиби гузаронидани маҷлис ва баҳс.

  3. Зарурияти масъалаи муҳокимашаванда.

  4. Натиҷаи ҳалли масъала.

  5. Шарту шароитҳои қабули қарор ва боздоштани он.

  6. Тарзи пешбурд ва бақайдгирии иштирокчӯёни ҷамъомад.

Дар рафти маҷлис фаромӯш накунед:

барои дар баҳс иштирок кардан даъвати шахсони пуртоқату солор ва ботаҷрибаву кордон зарур мебошад;

нагузоред, ки дар ҷамъомад ба фикри шахсии як кас якбора танқиди зиёд шавад;

мақсади иштироккунандагони маҷлисро садри он бояд ба ҳалли масъала равона созад;

дар вақти ҷамъбасти маҷлис масъалаҳоро боз як маротиба мухтасар шарҳ дода, пурсед, ки шуморо дуруст фаҳмиданд ва боз саволҳо аз мавзӯи муҳокимашаванда ҳастанд, ё не.

Дар мамлакатҳои хориҷӣ бисёртар ба муносибат карда тавонистани менеҷер бо коргарони зердасташ диққати махсус медиҳанд. Аз ҷумла соҳибкори машҳури австралиягӣ В. Хойер сенздаҳ хатои менеҷерро дар рафти фаъолияти ӯ нишон додааст, ки бояд содир нашаванд:

пешина
аз 512
навбатӣ