Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фармуд, то ҳақиқати он падид ояду дурӯғ аз рост пайдо гардад, ки шитобзадагӣ кори заифон аст, на кори қодирон».

Бо ақидаи мутахассисони итолиёвӣ самаранокии корро дар ҳафт ҳолатҳои зерин таъмин кардан мумкин аст:

  1. Ин коре мебошад, ки одам худро нишон дода тавонад.

  2. Коре, ки одамон ӯро ҳамчун худнишондиҳӣ қабул мекунанд.

  3. Коре, ки одам имкони иҷрои онро дорад.

  4. Коре, ки барои одам стратегия ва қоидаи нав мекушояд.

  5. Коре, ки қувваи ниҳонии аз худ зиёдро талаб мекунад.

  6. Коре, ки одамро хушнуд гардонида, қаноатманд месозад.

  7. Коре, ки ба одамон инкишофи маънавӣ ва рӯҳӣ мебахшад.

  8. Талабот - «худро пеш гузаштан»

Падари (Папа) Юлий II (1445-1513) то ба ин вазифа омаданаш Д.Ҷулиано ди ла Ровер ном дошта, дар сини 27-солагӣ аллакай унвони «Кардинал»-ро мегирад. Ба ақидаи таърихчиён, вай боварӣ дошт, ба мартабаи «Папаи Рим» ноил мешавад ва баъди 33 сол ба ин мақсад мерасад.

Таърихнависон ӯро ҳамчун марди волои дағалу хислати ҳокимӣ дошта номиданд. Вақте ки ӯ зиёда аз 60 сол доштааст, роҳбарии армияи Шветсарияро ба ӯҳда гирифта, дар ҷанг ғолиб меояд ва яке аз сиёсатмадорони калони Ватикан мешавад.

Ин падари (папа) ҷанговар ба Рим наққошони беҳтарин ва архитекторҳои номдорро ҷамъ оварда, ба санъат диққати калон медиҳад, ки дар натиҷа мактабҳои бузурги наққошӣ дар Аврупо пайдо мегардад.

Ҳолати дар боло қайдшударо таҳлил карда, аз нигоҳи менеҷменти имрӯз Падари (Папа) Юлий II имкон пайдо кард, ки се масъаларо ҳал созад:

❖ одами зарурӣ ҳамон мутахассисе мебошад, ки талабот ба кори вай вуҷуд дорад;

❖ маҳз ҳамин шахс ва мутахассис қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳиро дорад, ки корро иҷро намояд;

❖ маҳз ҳамон усто (менеҷер) қобилият дорад, ки фикр ва иҷрои лоиҳаро амалӣ гардонад.

пешина
аз 512
навбатӣ