Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Ташкилотҳои ҳукуматӣ аз тарафи органҳои ҳукуматӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои онҳо ташкил карда мешаванд ва ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва мақому имтиёзи худро доранд. Ба ташкилотҳои ҳукуматӣ идора, ё муассисаи тадқиқоти илмӣ, комиссияҳо, делегатсия ва ғайра дохил мешаванд. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бошад, дар асоси хоҳиши шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои хусусӣ ташкил карда мешаванд ва ягон имтиёз, ё тарзеҳи давлатиро истифода намекунад.

  1. Вобаста аз муносибат ба давлат ташкилотҳои миллӣ, ё ватанӣ ва ташкилотҳои муштараку хориҷӣ, ки бо дастгирӣ ва иштироки шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ташкил карда шудааст, ҷудо карда мешаванд.

  2. Вобаста аз дараҷаи мустақилият ташкилоти асосӣ, ё сарташкилот, ташкилотҳои пайваста, филиалҳо, иттиҳодияҳои пайрав ҷудо карда мешаванд. Корхонаҳои асосӣ метавонанд мустақилона қарорҳо қабул намуда, фаъолияти молиявию хоҷагидории худро пеш барад. Аммо иттиҳодияҳои пайрав, ё филиалҳо дар асоси роҳбарии ташкилоти болой кори худро пеш мебарад.

  3. Вобаста аз шакли моликият ташкилотҳои хусусӣ, давлатӣ, мунисипиалӣ, омехта ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, иттиҳодияҳо ва ғайра ҷудо карда мешаванд.

  4. Вобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ташкилотҳои давлатӣ, ё мунисипиалӣ, кооперативнию истеҳсолӣ, ё матлуботи кооперативӣ, хоҷагиҳои рафиқона, ё ҷамъиятӣ, ташкилоти динӣ, ё ҷамъиятӣ, идора ва муассисаи эҷодӣ, фондӣ ва ғайра мешаванд.

  5. Вобаста аз мавҷудияти шахсони ҳуқуқӣ ташкилотҳо бо ташкил намудани шахси ҳуқуқӣ, инчунин бе ташкил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд.

  6. Вобаста аз миқдори коргарон ташкилотҳо, корхонаҳои хурд, миёна ва калон мешаванд. Корхонаҳои хурд то 50-нафар, аз 50 то 100 нафар миёна аз 100 ва зиёда корхонаҳои калон мешаванд.

  7. Вобаста аз муҳлати фаъолияташон ташкилотҳо доимӣ, мавсимӣ ва даврагӣ мешаванд.

  8. Вобаста аз муносибат ба фаъолияти тиҷоратӣ, ё худ гирифтани фоида ташкилот тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ мешаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ