Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Давраи асримиёнагии тақсимоти меҳнат ба ҷамъияти феодалӣ, мулкдорӣ ва крепостной рост меояд, ки дар ин давра аллакай нишонаҳои моликиятдорӣ мустаҳкам гашта, тақсимоти меҳнат вобаста ба хусусияти моликиятдорӣ сурат мегирад, ки ин нишонаҳо то замони мо боқӣ мондааст.

Инкишофи саноат ва тағйиротҳои он ба инкишофи ҳаёти башарӣ мақоми хоса дорад. Пайдоиши заводу фабрикаҳо, кооператсияи меҳнат, манафактура хусусияти функционалии фаъолияти одамонро қӯллан тағйир дод. Асосан сохтори ташкилотҳо бо мақсади ҳарчӣ зиёд истеҳсол намудани маҳсулот ва гирифтани фоидаи зиёд равона карда шуда буд. Дар ҳамин давра ҳазорҳо ва садҳазорҳо одамон фаъолияти якуҷояро дар корхонаҳо ва идораҳо сар намуданд, ки зарурияти тақсимоти оптималии сохторӣ ва идоракуниро ба миён оварданд.

Маҳз дар ҳамин давра сохтори функционалии ташкилот пайдо мешавад, ки то замони мо ҳанӯз моҳияташро гум накардааст. Ҳар як қисми сохтории корхона вазифаи функционалии худро иҷро менамояд. Мисол, шӯъбаи банақшагирӣ корро ба нақша мегирад, шӯъбаи истеҳсоли маҳсулотро, шӯъбаи таъминотӣ ва фурӯш — таъминот ва фурӯши молро ба низом медарорад.

Дар вақти сохтори тақсимоти функционалии ҳар як коргар, ё шӯъба функсия ва вазифаи ӯҳдадориҳои алоҳидаи худро иҷро карда, пурра ба натиҷаи фаъолияташ ҷавобгар мебошад.

Бартарияти тақсимоти функционалии сохтори ташкилотро дар аввали асри ХХ олими немис Макс Вебер баҳо додааст, ки дар илми менеҷмент ҳамчун қоидаи бюрократияи оқилона баҳо дода мешавад.

Моҳияти ин қоида дар он зоҳир мегардад, ки тақсимоти аниқи меҳнат, зарурияти пайдоиши мутахассиси касбиро доир ба ҳар як намуди кор талаб мекунад:

кор карда баромадани меъёрҳо, стандартҳо ва қоидаҳо барои ҳар як
намуди фаъолият;

ҷудо кардани роҳбарон вобаста ба вазифа, дараҷаи идоравӣ, намуди кор,
риояи дастурамал ва роҳнамоҳои функционалӣ;

қабул кардан ба кор вобаста аз дараҷаи касбии коргар ва озод кардан аз кор мувофиқи меъёрҳои қонунӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ