НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
маблағи бо чӣ қадар азобҳои ҷисмониву равонӣ пайдокардааш саробонӣ кунад. Роҳи дигаре барои ӯ вуҷуд надорад. Ӯ ҳам мехоҳад, ки дар паси мизи мактабӣ нишинад ва ба мисли ҳамдарсонаш аз дарсгӯиҳои маърифатбахши омӯзгорон ғизои маънавӣ бигирад ва соҳиби маълумот ва пешаи муносиб бошад. Ин ҳама мушкилҳое ҳастанд, ки пешорӯи ин қабил наврасон қарор дошта, интизори дарёфти роҳҳои ҳалли хеш мебошанд. Дар танҳоӣ онҳо қодир нестанд, ки ба ин саволҳои печидаву мубҳами худ ҷавоби сазоворе дарёбанд. Шебу фарозҳои рӯзгор онҳоро дар айёми гулфишони наврасӣ ба ҳалқаи пурпечутоб афкандааст ва чашми умед ба роҳи халосӣ ёфтан аз ин вартаи мулҳиқро доранд.
Муносибтарин роҳи ҳалли ин мушкилот мустаҳкам намудани ҳамкории мактаб бо оила ва аҳли ҷомеа мебошад. Замоне ин иртибот қавитару пойдортар мегардад, ки муҳити созанда ва воқеӣ ба вуҷуд оварда шавад. Эҷоди ин робита дар ҳолати ба ҳукми тавоқуф даровардан ва ҳусни тафоҳум бастан миёни мактаб ва ҷомеа равнақ ва ҷараён мегирад. Назорати ҳаматарафаи ин тоифа наврасон ба ихтиёри ин се қувваи муҳташам меафтад ва бо пайдо кардани равишҳои муносиб имконият даст медиҳад, ки барои рафъи нуқсонҳову ноҳамвориҳо мувофиқтарин амале ба анҷом расонида шавад.
Ташкил ва баргузор намудани сӯҳбатҳои инфиродӣ бо наврасони аз мактаб гурезон аз шоистатарин равиш ба ҳисоб меравад, ки дар ин замина метавон аз сухан ҳамчун василаи умдатарини таълиму тарбия суд бардошт. Маҳз бо суханони муассиру барангезанда ақлу хушу таваҷҷӯҳи наврасонро ба парваришу омӯзиш гарм сохта, эътимоду эътиқоди боарзишро дар хулқу атвори онҳо ҷой додан имконпазир мегардад. Гузаронидани сӯҳбатҳои ахлоқӣ, ки тавассути омӯзгорон ва афроди рӯзгордидаву бомаърифат ҷомаи амал мепӯшад, мӯҳтаво ва мундариҷаи таълими маънавии ин қабл наврасонро таъин ва таъйид мекунад. Муваффақона корбаст намудани ин равиш боис ба он мешавад, ки дар рафтору кирдор ва пиндори онҳо дигаргунӣ шомил гардида, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё