Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

овардан, омӯхтану андӯхтан, дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ парвариш ёфтан ва дӯст доштану эҳтиром гузоридан ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ маҳз дар ин макони маърифат такмил ва тақвият дода мешавад. Ба ин хотир наврасонеро, ки дурӣ аз мактаб ҷустаанд, ба сӯи баҳрабардорӣ аз камолоти маънавӣ ва ҷойгоҳи тарбиятдиҳандагону тарбиятгирандагони насли солими ҷомеа даъват менамоем. Итминон ба он дорем, ки ҷалб намудани наврасон ба мактаб аз асоситарин масъулияти аҳли ҷомеа ба шумор рафта, дар ин ҷода нақши босозо гузоштанро аз ҳар шахс тақозо мекунад. Пас биё, эй наврас ба боргоҳи илму дониш бо ҳамсолому ҳамсабақони худ дарс бихон, сабақ омӯз ва тинататро бо нури маърифат пероста бидор.

Бо натиҷагирӣ аз мулоҳизарониҳои зикрёфта, ки ба паҳлӯҳои мухталифи тарбияи наврасони аз мактаб дар канор монда бахшида шудаанд, наметавон бо ин масъалаи ҳанӯз ба пуррагӣ омӯхтанашуда нуқтаи охирин гузошт. Ин мавзӯъ аз мураккабтарин мавзӯъҳои тарбиятӣ дар соҳаи мактабу маориф ба шумор рафта, аз муҳаққиқони илми тарбият бурдани тадқиқотҳои густурдаи илмӣ ва дар баробари он муайян намудани роҳи ҳалли мушкилот ва нишон додани воситаҳои дақиқи пешгирии ин амали номатлубро интизор аст, ки бозёфти озмоишҳои баъдӣ ифодагари ин матлаб хоҳад буд.

Нигоҳе ба ахлоқи наврасон

Ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ дар рафтору кирдор ва гуфтору муносибати фард бо аҳли ҷомеа ифшо меёбад, ки риоя ва ба ҷо овардани меъёру қоидаҳои он аз ҳар шахс вижагиҳои мушаххасро хостор аст. Бинобар ин мавзӯи одобу ахлоқ аз умдатарин мавзӯоти рӯзгори инсонӣ ба шумор рафта, он ҳама паёмҳои ахлоқиро дар ҳаёти ҳаррӯза ба кор гирифтан ва дар амал татбиқ намудан ба болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеа нақши муассир мегузорад.

пешина
аз 54
навбатӣ